Афзоиши истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ

   Дар шаҳри Кӯлоб айни ҳол чор коргоҳи истеҳсоли шир ҶСК «Комбинати шир», ҶДММ «Зуҳал»,  ҶДММ «Файзи Амир», ҶДММ «Фараҳноз» фаъолият дорад, ки сокинони шаҳру деҳот ва минтақаи  Кӯлобро  бо маҳсулотҳои ширӣ таъмин менамоянд.

   Коргоҳхои ширии шаҳри Кӯлоб бо хоҷагиҳои деҳконӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида,  20 навъи маҳсулотҳои ширӣ истеҳсол ва пешкаши ниёзмандон мегардонанд, ки дорои сифати олӣ буда, дар бозори маҳсулотҳои истемолӣ мавқеи хоси худро доранд.

   Бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ  дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 3 коргоҳи дигари коркарди шир аз тарафи соҳибкорон идома дорад.

                                                     Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

 

   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code