ОЗМУНИ “РОҲБАЛАДИ БЕҲТАРИН”

      Рӯзи 23-уми апрел бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  озмун таҳти унвони “Роҳбалади беҳтарин” бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

    Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, директори “Телевизиони Кӯлоб” Сафаралӣ Бозорзода,  устоди Донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб  Ҳасан Шоҳинов ва директори муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷабӣ Асозода рафти озмунро сарварӣ карда, ба иштирокдорон баҳогузорӣ намуданд.

    Мувофиқи шартҳои озмун донишҷӯёни Коллеҷи омӯзории шаҳри Кӯлоб ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуда, мавзеъҳои гуногуни таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маърузаҳои худ муаррифӣ намуданд.

    Бояд гуфт, ки озмуни мазкур аз 23-ум то 28-уми апрел идома ёфта,  дар охири моҳи апрел ҷамъбаст мегардад ва  ғолибони озмун ба мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ  мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code