Машварати навбатӣ доир шуд

  Санаи 23 апрели соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, аввалан масъалаи «Дар бораи рафти баррасии аризаҳои соҳибкорон оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати сохтмони коргоҳу корхона ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дар соли 2017 ва се моҳи соли 2018 »  шунида шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

  Дар муҳокимаи ин масъала раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло қайд намудаанд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурду миёна,  бо ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳи доимӣ бояд дошта бошем. Таҳлили ҳолати баррасии аризаҳои соҳибкорон оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати сохтмони коргоҳу корхона ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дар соли 2017 ва се моҳи соли 2018 собит сохт, ки фаъолияти комиссияи доимоамалкунандаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҷудо намудани қитъаи замин тибқи «Равзанаи ягона»  беҳбудиро тақозо дорад.Чунки вазифаи асосии комиссияи доимоамалкунандаи мазкур  саривақт ва ва бемамоният барррасӣ намудани аризаҳои соҳибкорон ва барасмият даровардани ҳуҷчатҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин мебошад. Аз  ҷониби комиссияи мазкур бояд барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда, соҳибкорон тавонанд мақсадҳои худро барои сохтмони коргоҳу корхона ва марказҳои хизматрасонӣ, аз чумла барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  амалӣ намуда, дар пешрафти тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр  саҳмгузор бошанд.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

-дар бораи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешгирии ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқуллода ва корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ;

-рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани  бақияпулиҳо;

-ҳолати ҷамъоварии  маблағҳои барқи  истифодашуда;

-бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналӣ;

-сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои  садамавию таъмирталаб;

– духти либосҳои мактабӣ;

таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ;

– андешидани тадбирҳои амалӣ доир ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

– бунёди боғу токзорҳо, ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти кишту кори баҳорӣ ва ҳолати кишти пахта дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб

-вазъи тозагии шаҳр, корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар шаҳр

мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, аз  муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо пурсиш намуда, вазифаҳо аз тарафи раиси шаҳр  барои ҳафтаи навбатӣ муайян гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code