Намоиши асарҳои устои чирадаст

    

    Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб намоиши асарҳои хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявии ба номи Олимов  усто, рассом ва кандакор Шарифов Махмадӣ Азимович, узви иттифоқи рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон  ба маъраз гузошта шуд.

    Асарҳои усто Маҳмадӣ  Шарифов ба ғайр аз он ки дар намоишгоҳ гузошта шудаанд, хеле зиёданд.   Аз ҷумла дар ҷашни 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи ин устои чирадаст  дар ҳавлии зиёратгоҳ чор суҳбатҷой ба таври шарқиёна кандакорӣ ва ороиш дода шудааст. Ҳунари  сеҳрофарини Маҳмадиро дар ороиш ва тармими оромгоҳхои  шахсони бузург аз қабили Хоҷа Исҳоқ. Султон Увайси Қаранӣ, Шоҳи Шомӯш, Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ дидан мумкин аст.

   Натиҷаи хизмати ӯ доир ба нигаҳдорӣ ва азнавсозии ёдгориҳои таърихӣ буд, ки ӯ бо  ифтихорнома ва мукофотҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ва ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 августи соли 2011 сарфароз гардонида шудааст.

    Ин устои чирадаст бо усули кандакорӣ ва гаҷкорӣ як қатор иншоотҳои ҷумҳуриро  ороиш додаст.Аз ҷумла Қасри миллат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, толори бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб , мактабҳои президентии шаҳру ноҳияҳои ҳисор, Данғара, Восеъ, Кулоб ва ғайра

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба Махмадӣ Шарифов    илҳоми саршори эҷодӣ таманно намуда дар кору фаъолият ва эҷодиёти минбаъдаи ӯ   бурдбориҳо таманно менамояд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code