Рушди соҳаи кишоварзӣ- омили баланд гардидани сатҳи зиндагӣ дар деҳот

   Дар шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 18-20 апрели соли равон семинари омӯзишӣ дар ҳамкори бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба «Рушди занҷири арзиши иловашуда»  бо иштироки мутахассисони соҳа, роҳбарони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъулони Раёсати Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳру минтақаи Кӯлоб, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, олимон ва бонкҳои тиҷоратӣ баргузор гардид.

    Мавриди зикр аст, кишоварзӣ яке аз соҳаи асосии иқтисодиёти шаҳр мансуб буда, манбаъи асосии истеҳсоли маҳсулотҳои озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба шумор рафта, дар таъмини  амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.

   Ҳадафи асосии омӯзиш дар мавзӯи «Рушди занҷири арзиши иловашуда» расонидани моҳият ва мазмуни раванди пай дар пайи омилҳои истеҳсолот, ки маҳсулоти арзандаи бозорро дар бахши кишоварзӣ ба вуҷуд меорад маҳсуб мебошад.

    Дар раванди омӯзиш оид ба таҷрибаи ҳосилгардида дар мавриди ҷалби истеҳсолкунандагон ба бозори фӯруши маҳсулот, ҳамзамон  омӯзонидани кишоварзон бо усулҳои самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он, гирифтани даромади  хуб, дар ин замина коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

   Ҳамчунин, оид ба парвариши зироатҳо  дар гармхонаҳо,  бунёди сардхонаҳо ва  содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар мубодилаи афкор карда шуд.

   Баъди анҷоми семинар ба иштироккунандагон Сертифкат дода шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code