Истиқлолияти энергетикӣ-омили асосии рушди иқтисодиёт

   Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, барои беҳтар намудани таъмини қувваи барқ ва кам намудани талафоти нерӯи барқ  дар семоҳаи аввали соли равон 4 адад трансформатори  иловагӣ дар маҳалла ва  деҳаҳои Кӯлоб  гузошта шуданд.

   Ҳамчунин 25 адад пояҳои оҳану бетонӣ шинонида шуда, 10 адад тарансформатор таъмир карда шуда, зеристгоҳи барқии 35/10 кв аз таъмири асосӣ бароварда шуда, хатҳои барқии ҳавоии буришашон паст ба баланд дар масофаи 4,8 км иваз карда шуданд.

   Сокинони Кулоби бостонӣ барои таъминоти береҷаю пурраашон бо қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона сипосгузорӣ менамоянд ва барои зиёд намудани пардохти ҳақи истифодаи қувваи барқ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

                                                          Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code