ҲНИТ- пайравӣ терроризм ва экстремиз

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, чунин падидаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои пасошуравӣ маҳз ҲНИТ роҳандозӣ ва паҳн намуд, ки ба «шарофати» онҳо миллати тоҷик ба ин падидаҳои номатлуб чун экстремизму терроризм рў ба рў  гардиданд.  Ин саъюу кўшиши ҲНИТ-иҳо  пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надоштанд. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасид, ки наҳзатиҳо дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезаданд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меномиданд, вале дар асл маќсаду мароми онҳо дигар буд- ин амалӣ гардонидани ниятҳои хоҷагони хориҷии худ дар ноором намудани кишвари Тоҷикистон, ки инро таърихи начандон дур сабт намудааст.  Пас, ин амалкарди онҳо чун дигар ифротгароён аз разиливу хоинии онҳо дарак медиҳад. Имрўзҳо, мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайри таҳаммул пазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Аз ин масоили овардашуда, наҳзатиҳо истифода намуда, дар ќаламрави Тоҷикистон ба паҳн намудани аќидаҳои номатлуб машѓул гардида, заминаи воќеъиро барои экстремизму терроризм ба миён оварданд. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад» ин гуфтаҳо ба анна ҳамон ҲНИТ ва роҳбарони он, ки паҳнкунандаи терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд рост меоянд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code