Олимон зидди ифротгароӣ

   Бо иштироки директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафӣ, профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию эктремистӣ   дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, ҷавонон , эмомхатибони масчидҳо ва кормандони касбу кори гуногун ҳамоиш дар мавзуи «Табиати инсон, асосҳои ахлоқиву равонии кирдори ҷиноятӣ ва вобастагии ҷиноят аз ҷаҳонбинӣ» ва    хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баргузор гардид.

   Зимни баромади хеш устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ қайд кард,ки инсон махлуқи мураккаб маҳсуб ёфта, фаҳмидани он аз он ҳам мураккабтар аст. Қайд гардид, ки ҳар як нафари ба инсон сару кор дошта,  падару модар, устодон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд дар бораи табиати инсон маълумоти кофӣ  дошта бошанд. Ӯ хислатҳои неки инсониро ба 40 номгуй ва хислатҳои бадро ба 56 номгуй ҷудо намуда ин хислатҳоро гурӯҳбандӣ карда, хислатҳои некро ба меҳрубонӣ, фурутанӣ, боэътимодӣ, ҳақиқатпарастӣ, саховатмандӣ, боумедӣ, хоксорӣ(оддӣ), покдоманӣ, муҳаббат доштан ва хислатҳои бадро  ба ғазаб, ғурур, шуҳратпарастӣ, бухл, ҳарисӣ, тарс, шикампарастӣ, шаҳвонияти ифротӣ, рӯҳафтодагӣ (мурдадилӣ)  ҷудо намуда  қайд кард, ки онҳое, ки ин хислатҳои некро  доранд ҳаргиз бо роҳи бад намераванд ва ба халқу ватани худ ҳамеша содиқ мемонанд ва баръакс онҳое, ки хислатҳои   бадро доранд метавонанд, ифротӣ ва террорист шаванд.

   Қайд карда шуд, ки террористон ватан, мазҳаб, ва симо надоранд, балки бо дастгирӣ ва тарафдории ашхоси алоҳида, созмону ҳаракатҳо ва    гурӯҳҳои ҷудоихоҳу мансабталош ба миён омада  халқу миллатҳорро ба ҳам муқобил мегузоранд. Агар мо ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандона ва адолатпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсон заҳмат кашида, бунёдкорию созандагиро шиори хеш қарор диҳем, пас мо метавонем бар зидди ҳама гуна падидаҳои   номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем.

   Сархатиби масчиди Имоми Аъзам Ҳайдар Шарифзода  зимни музокира гуфт,ки  агар ба муқобили террористон  муборизаи дастҷамъона бурда нашавад, онҳо қодиранд, ки ҳар лаҳза ба сари инсоният бадбахтиҳои зиёд биёранд. Бо овардани далелҳо аз ҳадисҳои набавӣ ва қиссаҳои ҳикматнок мавсуф  ҷавононро ба ватандустиву меҳанпарастӣ  даъват намуд ва таъкид дошт, ки танҳо ҷавонони аз лиҳози мафкура ва ақида ноустувор  ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоиву террористӣ  ҷалб карда мешаванд.

   Нимаи дуюми рӯз ҳамоиш бо иштироки Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб бо омӯзгорону донишҷуён ва дар  Қасри фарҳанги шаҳр бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти Кӯлоб  доир карда шуд.

                                                                     Сулаймон Султон

 

   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code