МУБОРИЗА АЛАЙҳИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ҶОМЕА

   Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 расман истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва он ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ шинохта шавад. Дар воқеъ ин санади муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, имконият фароҳам овард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ камари ҳиммат банданд. Касби истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмиллалӣ, муайян намудани шакли сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд.

   Яке аз дастовардҳои бузург ва нодир дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ин қабули Конститутсия маҳсуб меёбад. Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба назари эътибор гирифтани беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутаммаддин, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шудааст.

    Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи сайёра ва авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Дар робита ба ин масъала, ҳанӯз соли 2004 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат ба муносибати 80-солагии мақомоти прокуратураи Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, глобализатсияи проблемаҳо ва хатарҳои муосир шиддат ёфтаанд, амнияти бисёр кишварҳо таҳти таҳдидҳои гуногун қарор гирифтааст. Воқеан ҳар давлатро таҳдидҳое фаро гирифта метавонанд, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доранд. Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, терроризм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор созанд. Дар робита ба ин масъала дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри  соли 2017 Президенти кишвар бори дигар таъкид намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

   Албатта, онҳое, ки мегӯянд, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст.

   Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

  Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро вазифадор намуданд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

   Дар воқеъ инсониятро имрӯз дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва экстремизм таҳдид дорад, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад.

  Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои боэътимод аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм, хусусан дар тобиши динӣ ва сиёсии худ, имрӯз хусусияти трансмиллиро касб намудааст. Дар воқеъ ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористӣ, кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ аз арзишҳои умумиинсонии ислом ноогоҳ будани мардумро ҳамчун заминаи мусоид истифода карда, ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми диниро ба роҳ монда, кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ғояҳои ба дину фарҳанги миллии мо бегонаи онҳоро ҳамчун ҳақиқати том қабул намояд. Бо таассуфи зиёд бояд зикр намуд, ки солҳои охир ба созмонҳои террористию экстремистӣ пайвастан ва ё гаравидани сокинони кишвар, бахусус ҷавонон ба мушоҳида расида, рафтани онҳо ҷиҳати иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Афғонистон, кишварҳои Сурия ва Ироқ ба қайд гирифта мешаванд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гашта, ба амнияти миллӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Бо назардошти ҳолати ҷойдошта дар шароити кунунӣ масъалаи риояи қонунгузорӣ оид ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва мубориза ба омилҳои террористию экстремистӣ, таъмини қонуният дар соҳаи ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллӣ, гирифтани пеши роҳи омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву созмонҳои тундрав яке аз самтҳои афзалиятноки ҳуқуқии давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ эътироф карда шудааст. Имрӯз зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддас ва иҷрои қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.

  Бо дарки хавфи воқеии ин зуҳуроти барои миллати тоҷик аслан бегона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо онҳо саҳми муайян гузошта истодаанд. Бо ифтихор месазад дар ин самт саҳми беназир ва ҷонфидоиву хизматҳои арзандаву шоистаи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ ва прокуратураро махсусан зикр намуд. Аз ҷумла дар асоси аризаҳои даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои дахлдори Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти такшилотҳои террористӣ ва экстремистии «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тойба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-таблиғ», ташкилотии динии миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, созмони ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияти он пештар манъ гардида буд, ба ҳайси ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид. Ҳамчунин, бо назардошти хусусияти ҷудоихоҳӣ доштани равияи динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии Прокурори генералии ҷумҳурӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи 2009 сол равияи динии «Салафия» ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Ҳамзамон бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2012 ҷамоати «Ансоруллоҳ» ҳамчун ташкилоти ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, ташкилоти террористию экстремистӣ дониста шудааст. Инчунин, вебсайти «Ансоруллоҳ» баста шуда, воридот, паҳн, истеҳсол, чопу нашри варақаю адабиёт, аудио, видеосабтҳо манъ карда шудааст. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 “Гурӯҳи 24” низ ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф карда шуда, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Дар пайвандӣ ба ин масъала Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябри соли 2015 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) – террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қонеъ намуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод. Нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии ҲНИТ, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашр намудани рӯзномаю адабиёт ва варқаҳои ҳизб манъ карда шуд.

   Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқии мубориза бо экстремизму терроризм бунёд гузошта шудаанд. Аз ҷумла қабули як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятиро метавон махсус зикр намуд.

   Бо назардошти ҳолати ҷойдошта бо мақсади пешгирию огоҳонидани қонуншиканӣ дар самти зикршуда зарурияти густариши ҳарчи бештари функсияи тарғибу ташвиқи қонунҳо ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ миёни сокинони кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ба миён омадааст. Дар ин ҷода ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаи вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати боло бурдани ҳуввият ва худшиносии миллӣ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба дастоварду музаффариятҳои соҳибихтиёрии давлатӣ, пешгирии омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурҳҳои ифротӣ ва созмонҳои тундрав, дар зеҳну тафаккури мардум тарбия ва ҷой кардани андешаи хизмати содиқона ба халқу Ватани азизамон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ қарор дода шавад. Вобаста ба ин масъала ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки чанд тадбири пешгирии омилҳои гаравидани ҷавонони кишварро ба созмонҳои экстремистиву террористӣ таъкид намоем:

   Якум, аз омилҳои асосии пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо пеш аз ҳама дар беҳдошти сифати таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии онҳо таҷассум меёбад. Ин нуқта дар як силсила асарҳои илмии олими тоҷик Насурдинов Э.С. дар пайвандӣ ба мавзӯи фарҳанги ҳуқуқӣ бамаврид таъкид шудааст;

  Дуюм боло бурдани савияи дониши ҷавонон аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ;  роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар;  баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;  мусоидат барои дар муҳити солим тарбия ёфтани ҷавонон ва аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам овардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳии инкишофи онҳо; пешгирии истифодаи бемавриди шабакаи ҷаҳонии Интернет, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии паҳнкунии ғояҳои ифротӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва дар робита ба ин масъала то ҳадди имкон пурзӯр намудани назорати истифодаи сомонаҳои алоҳида аз ҷониби сохторҳои масъули давлатӣ; пешгирии намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта;  баланд бардоштани фарҳанги муҳоҷирони меҳнатӣ ва омода кардани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, патриотизм, хизмати содиқона ба Ватани маҳбубамон, меҳнати ҳалол ва аз байн бурдани дилбастагии онҳо ба маблағҳои муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд.

  Мо аминем, ки кормандони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, ниҳодҳои ҳуқуқ, муҳофизавӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони баору номуси кишвар алайҳи терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда, дар устувории сулҳу салоҳ, пойдории аркони давлатдории миллӣ, таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз хизматҳои арзандаву шоистаеро анҷом медиҳанд.

Раҳматулло ШАРИФЗОДА, Ҳилолбӣ САБУРОВА,

омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 

бознашр аз рӯзномаи “Навиди Кӯлоб”

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code