Соҳибкорзани муваффақ

   Ин ҳадиси танҳо як зан нест. Балки зани соҳибкор, чашмикордонест, ки тавонист саҳми худро барои ободии Ватан бигузорад. Саноати шаҳри Кӯлоб имрӯзҳо бо чунин соҳибкорони чашмикордону соҳибтаҷриба ифтихор мекунад. Хеле зиёд дидаем кушодашавии сеху коргоҳҳои хурдеро, ки баъд аз як шамоли ҳодиса   аз байн мераванд ва аз коргоҳу кормандони он нишоне боқӣ намемонад. Аммо қаҳрамонеро, ки дар борааш қисса мекунем, куллан дигар аст.  Ин зани заҳматкашу ҷасур тавонист, ки худро дар муддати кутоҳ ба мардуми шаҳри Кӯлобу  ҷумҳурӣ  шинос намояд.

   Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кооператор»  Гулсунбӣ Иброҳимова маҳз барои ободониву созандагӣ  ва пешрафти шаҳри азизи худ ва Ҷумҳурии азизамон заҳмат мекашад.  Фаъолияти корияшро ӯ аз менеҷери Шоу-бизнес оғоз кардааст. Аввалин қадами соҳибкорие, ки Гулсунбӣ Иброҳимоваро ҳамчун соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб машҳур гардонид, ин кушодани ошхонаи 24-соата (яъне доимамалкунанда)  буд. Ин ошхонаи аввалини 24-соата дар шаҳри Кӯлоб буд. Баъд аз ин боз якчанд ошхонаҳои дигари 24-соата  кушода гардиданд.

   Гулсунбӣ Иброҳимова ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори миннаторӣ баён мекунад,зеро барои сохтмони  сехи нави коркарди афшураи  помидор ба ӯ дар назди корхонаи «Кооператор» замин ва барои кишт кардани помидору бодиринг дар ҳудуди 2-га қитъаи замин  ҷудо карда дода шудааст.

   Дасти хайру саховати ӯ барои ниёзмандон ҳамеша боз аст. Маҳз худи ман  шоҳиди он астам, ки дар кушодашавии майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба 10  нафар ниёзмандон сару либоси мактаби туҳфа намуд.

    Пешаи асосии коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кооператор»  духтани либосҳои мактабӣ мебошад.

  Ба хотири боло бардоштани иқтидори корхонаҳои саноатии  дохилӣ  моро зарур  аст, ки маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи  корхонаҳои худиро харидорӣ намоем.

  Мунира, як нафар корманди муассиса мегуяд, ки  ман аз кори худ хушнуд ва розиям. Барои ман барин    занон, ки ҳунар доранд, дар шароити имрӯза дарёфт намудаи ҷои кор хеле мушкил аст. Шукри озодиву истиқлолияти Ватан ва  раҳмат ба апаи Гулсун, ки моро  аз ҳар куҷо чамъ овард. Шахсан ман дар як коргоҳи Федератсияи Руссия  кору фаъолият мекардам. Маоши ман ҳоло 500 сомониро ташкил медиҳад, он ҳам кофӣ нест,  вале  медонам, ки ин маблағ аз 500 доллари ғарибӣ болотар аст.

   Апаи Гулсунбӣ ҳамчунин бо қаноатмандӣ иброз менамояд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва аз андозҳо озод намудани маҳсулотҳои ҳунарҳои марумӣ барои рушди ин соҳа ва ба меҳнати хонагӣ машғул шудани занон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

   Ба апаи Гулсун ва ҳамаи соҳибкороне, ки дар ободии Ватан саҳми беандозаи худро мегузоранд, барору комёбӣ таманно менамоем.

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code