Бузургдошти шоир

    Маҳфили 90-солагии шоири халкии Тоҷикистон,  барандаи ҷоизаи ба номи Абуабдулло  Рудакӣ  устоди зиндаёд Ашур Сафар  тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки адибон  Ҳақназар Ғоиб,  Лутфи Хомуш,  Сулаймон Султон, Нуралӣ Яъқуб, фарзанди устод  Файзи Ашур ва шоираи навқалам Ҳусния Раҳимзода  дар коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб    баргузор карда шуд.

   Донишҷуёни коллеҷ аз ҳаёт ва фаъолияти  устод Ашур Сафар  ёдрас шуда,  шеърҳои давраҳои гуногуни ҳаёти шоирро пешкаши  ҳозирин  ва адибон  гардониданд.

   Адибон низ аз эҷодиёти худ шеърхонӣ намуда  аз   кору эҷоди устод ва  ҳазлу зарофатҳои ӯ ёдовар гардиданд.

                                                             Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code