Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ амалӣ мегардад

    Тибқи нақшаи «Барномаи  мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар семоҳаи аввали соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб  222 нафар бо ҷойҳои корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун  таъмин гардиданд. Тавассути ташкили корҳои фардӣ бошад,  11 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд, ки айни ҳол ба хариду фуруши маҳсулот, нигоҳубини чорвои хонагӣ , дузандагӣ ва ғайра машғул мебошанд.

    Бо мақсади дар амал татбиқ намудани паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё кардани ҳунарҳои миллӣ- мардумӣ дар семоҳаи якуми соли равон 130 нафар шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағҳои Барнома аз рӯи 7 намуд ихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва занону духтарони хонашин ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла тибқи шартнома бо Филиали КВД «Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе» дар шаҳри Кӯлоб курсҳои омӯзиши ҳунарҳои миллӣ;  бофандагӣ 15 нафар, қуроғбофӣ 15 нафар, сузандӯзӣ 20 нафар , муҳосибӣ 20 нафар  ҷалб карда шуданд.

   Ҳамзамон тибқи шартнома бо филиали муассисаи маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб бо тахассуси дузанда 20 нафар, чакандузӣ 20 нафар ва омӯзиши компютерӣ 20 нафар сафарбар шуданд.

   Масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ  зери таваҷҷуҳи доимии масъулин қарор дорад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code