Ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон санаи 14-уми апрели соли равон, аз соати 06:00 то 07:00 машқҳои пагоҳирӯзӣ дар назди Варзишгоҳи марказӣ, дар саҳни Донишгоҳ, дар майдони варзишии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, саҳни бинои коллеҷи тиббӣ, боғи фарҳангӣ- фароғатӣ, Муҷтамаи 2700 шаҳри Кӯлоб ва дар назди биноҳои ташкилоту корхонаҳои шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ин машқҳо 450 нафар шаҳрвандон, аз ин шумора 90 нафар бонувон, 150 нафар машқкунандагони мактаби варзишии шаҳр, 110 нафар сокинони шаҳр ва 100 нафар кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ шумораи ҷавонон, бонувон ва калонсолон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, ки ин боиси рушду оммавияти варзиш дар шаҳри Кӯлоб гардидааст.
Бахши бойгонӣ-матбуотӣ