Истироҳати бофароғат

   

    Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр  санаи 15 апрели соли равон Донишкадаи  технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар  шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи  фарҳангӣ баргузор  намуд.

     Ҷиҳати таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсулотҳои омоданамудаи донишҷуён, аз қабили чакандӯзӣ, курпачадӯзӣ, рассомӣ, асбобҳои технологии  ҳозиразамон  ва дастовардҳои омӯзгорон  ба маъраз  гузошта шуд.

   Чорабинии мазкурро муовини ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ Умарова Меҳринисо ифтитоҳ  бахшида   оид ба дастовардҳои Донишкада ва парки технологии Донишкада  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуд.

   Намоиши либосҳои миллӣ,  аз ҷониби гулдухтарони факултети  дизайнерӣ, шеъру тарона ва  рақсҳои  дилошуб ба чорабинӣ  шукӯҳи тоза бахшид.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code