Тибқи нақшаи  чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда мешавад.

    Имрӯз дар боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр чорабинии сиёсию фарҳангӣ бо роҳбарии ҳизби ҳалқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  ва  иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҳунармандони театри ба номи Сайдалӣ  Вализодаи шаҳри Кӯлоб, бахши фарҳанги  шаҳри Кӯлоб, адибон, аъзоёни маҳфили адибони  ҷавони  «Эҷод»  ва «Ганҷи Хатлон»  доир карда шуд.

    Иштирокунандагон аз фазои сулҳу субот истиқлолияти комил ва ваҳдати саросарии мамлакат суханронӣ намуда  бо шеъру сурудҳои ватанхоҳӣ  хотири ҳозиринро шод гардониданд.

                                                                                                    Бахши бойгонӣ- матбуотии шаҳр

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code