Ба истиқболи 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ

«Масъалаи тоҷикон»

— асоси публитсистикаи устод Садриддин Айнӣ дар солҳои 20-уми асри ХХ

    Нақши устод Айнӣ дар ташаккул ва асоснок намудани ҳувияти миллии нави тоҷикӣ хеле бузург буда, афкори ӯ  заминагузори андешаи миллӣ-озодихоҳӣ, истиқлолхоҳӣ ва давлатхоҳии тоҷикон мебошад. Агар замони Сомониёнро марҳалаи аввали ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ, ки пайомади он ташкили империяи бузурги миллӣ буд, биномем, пас марҳалаи дуввум баъди ҳазор сол бо ному пайкори устод Айнӣ бастагӣ дорад, ки натиҷаи набардҳои ӯ ташкили Тоҷикистон буд.

    Бузургии нақши Айнӣ, қабл аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар тафовут аз дигар ҳамзамонону худ шахсияти пурвусъат буд. Дар ҳама заминаҳои фарҳанги маънавӣ, ки ба ғояи миллӣ-озодихоҳӣ рабт дошт хидмат кардааст. Аз ин хотир, барҳақ ӯро Иржи Бечка «падари фарҳанги нави тоҷикӣ» номидааст. Бузургии Айнӣ ба назари мо боз дар он зоҳир мегардад, ки ӯ афкори тоҷикиро дар замоне матраҳ мекард, ки бахши зиёди равшанфикрони солҳои 20-ум қ. ХХ ҳастии миллати тоҷикро инкор мекарданд  ва гирифтори мафкураи бегонаи пантуркизм гардиданд. На танҳо гирифтор, балки ба он сахт эътиқод ҳам доштанд.

    Лозим ба таъкид аст, ки барои ҳимояи манфиатҳои миллии тоҷикон, барои наҷоти миллат —  зидди ҷараёни давр рафтан, зидди пантуркизм барин мафкураи шаклгирифта баромадан дар ҳақиқат қаҳрамонӣ буд ва ба ин хотир устод Айнӣ барҳақ бо  Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  8 сентябри соли 1997 ба унвони аввалин Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардид.

    Пантуркизм мафкурае буд шаклгирифта ва дар кӯраи муборизаҳои сиёсӣ обутобёфта. Аҳзоби зиёди сиёсии Осиёи Миёнаи он давра пантуркизм ва равияҳои гуногуни онро асоси ғоявии барномаҳои худ қарор дода, аз тарафи матбуоти сершумор таблиғу ташвиқ мекарданд. Пантуркизм барои расидан ба ҳадафи аслии худ яъне сохтани ба истилоҳ «Туркистон ё Тӯрони бузург» бояд аз ҷумла ҳастии миллати тоҷикро, ба ибораи дигар истиқлоли миллии тоҷиконро аз байни мебурд. Инкори ҳастии миллати тоҷик – ин инкори истиқлоли миллии вай буд.

   Агар аз ин дидгоҳ ба афкору осори Айнӣ назар афганем, ба хубӣ равшан мегардад, ки Айнӣ барои истиқлоли миллӣ, яъне ба ҳайси миллат шинохтану эътироф гардидани миллати тоҷик дар набард будааст. Чун агар истиқлоли миллӣ набошад, яъне худи миллат набошад, пас дар бораи давлати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ орзу наметавон кард.  Аммо мафкураи тоҷикӣ дар он давра хеле заиф буд, метавон гуфт аслан вуҷуд надошт ва танҳо Айнӣ буд, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарин ба ҳимояи миллат камар баст ва далелаш пеш аз ҳама забону адабиёти форсии тоҷикӣ буд.

    Набарди устод Айнӣ- муборизаи ғоявӣ ва маънавӣ буд, ки дар кулли осораш ифода ёфтааст ва  худ дар яке аз мақолаҳояш бо номи: «Тақдири як халқ» гуфтааст: «дар муддати ҳаёти худ ман китобҳои зиёде навиштаам ва ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи кишвари азизам, ки дар замонҳои гузашта урдуҳои сершумори аҷнабиён поймол кардаанд, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни VIII- уми эраи мо ба худ номи тоҷикро гирифт».

   Ҷойгоҳи устод Айнӣ дар тафовут аз дигар равшанфикрони тоҷик бо вусъати худ фарқ мекард ва ҳама самтҳои эҷодиёти устод Айнӣ: а) осори публитсистӣ б) осори илмӣ; в) осори бадеӣ; —  дар маҷмӯъ ғояи миллӣ-истиқлолхоҳии миллати тоҷикро ифода намудаанд. Ҳатто дар унвонҳои қариб ҳамаи осори устод Айнӣ махсус номи тоҷик зикр гардидааст, то ин ки мавҷудияти халқи тоҷик дар сарзамини Осиёи Миёна таъкид шуда бошад.

   Муҳимтарин самти эҷодиёти Садриддин Айнӣ публитсистика ба ҳисоб меравад, ки дар ҳассостарин марҳалаҳои ҳаёти таърихии халқи тоҷик ба зуҳур омадааст. Ин давраи ҳассос махсусан фосилаи  моҳи декабри соли 1921 то августи соли 1924-ро фаро мегирад, ки дар Осиёи Миёна, матбуоти тоҷикӣ вуҷуд надошт, ва ибораи устод Айнӣ «тоҷик гӯё ки қавми безабон буд» ба ин сабаб пайдо шудааст. Дар ин давра дар саҳифаҳои ду рӯзномаи туркӣ-ӯзбекӣ «Зарафшон» ва «Туркистон» баҳсҳои шадиде ба амал омад. Аз як ҷониб гуруҳи тоҷикпарастон С. Айнӣ, А. Сатторӣ, М. Расулӣ, О. Худойбахтӣ, Алӣ Исмоилзода қарор доштанд ва аз ҷониби дигар гуруҳи туркпарастон Н. Бектош, В.М. (вов, мим) ва Т. Рисқулов қарор доштанд. Гурӯҳи тоҷикпарастон манфиатҳои миллии тоҷиконро ҳимоя намуда, ҳалли одилонаи ба истилоҳ «масъалаи тоҷикон»-ро (бояд зикр намуд, ки аксари мақолаҳои ин баҳс бо ин ном чоп шудаанд) ва гурӯҳи туркпарастон ин манфиатҳоро инкор мекард.

  Нақши публитсистикаи устод Айнӣ дар таблиғу ташвиқи худогоҳии миллии тоҷикӣ, мушаххасан мақолаҳое сершуморе, ки ӯ дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» нашр кардааст, ба монанди «Танвири афкор», «Сайфу қалам», «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон» ва ғайра хеле бузург аст.

  Аммо лозим ба таъкид аст, ки устод Айнӣ то таълифу интишори ин ва дигар мақолаҳо, дар солҳои мавҷуд набудани матбуоти тоҷикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар рӯзномаи «Зарафшон» ду мақола чоп карда, дар онҳо аз манфиатҳои миллии тоҷикон дифоъ намудааст. Ин мақолаҳои «Дар Самарқанд нашри маориф» («Зарафшон», 1923, 15 ноябр) ва «Масъалаи тоҷикон» («Зарафшон», 1923, 30 декабр) ном доранд.

  Дар ин мақолаҳои арзишманд устод Айнӣ манфиатҳои миллии тоҷиконро ҳамаҷониба дифоъ намуда, соҳиби забону адабиёти бостонӣ будани онҳоро таъкид карда, барои эҳёи ҳастии тоҷикон пешниҳодҳои мушаххас ироа намудааст. Яъне устод Айнӣ на танҳо пас аз ташкили Тоҷикистон (чунонки Фитрату Бектош ва бархе дигарон танҳо пас аз ташкили Тоҷикистон маҷбур шуданд ҳастии тоҷиконро эътироф намоянд), балки то ташкили он дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз манфиатҳои миллии тоҷикон ҳимоя кардааст. Ин аст ҷойгоҳ ва нақши бузурги устод Садриддин Айнӣ дар тафовут аз дигар аҳли зиёи он давра.

                          Масрур Абдуллозода — доктори илмҳои филологӣпрофессори Донишгоҳои                                      славянии Тоҷикистону Россия

                                                                                 Бознашр аз ҳафтаномаи “Чархи гардун”

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code