Барои мусоидат ба пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 100 иншоот идома дорад. Аз ҷумла иншоотҳои зикршуда дар асоси татбиқи лоиҳа бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблағгузории Бонки Олмонӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар Маркази перинаталии беморхонаи вилоятии №2- шаҳри Кӯлоб аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Махсус» ҷараён дорд. 

    Дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ то ҳол 60 фисад иҷро гардида, корҳои болопушии бино, кашидани хатҳои барқӣ ва оби нушокӣ оғоз гардидааст. Барои вусъати корҳои сохтмонӣ бо назардошти таъмини масолеҳи сохтмонӣ аз ҳисоби сохтмончиёни маҳаллӣ 120 нафар дар 5 бригада корҳои сохтмониро вусъат мебахшанд.

   Баъди анҷоми иншооти мазкур, ки соли 2019 ба истифода дода мешавад, зиёда аз 10 шуъба бо фарогирии 100 нафар табибон ба маризон хизмати тиббӣ хоҳанд расонид.

    Бахши бойгонӣ- матбуотии шаҳри Кӯлоб  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code