АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК, НАМЕТАВОНАД ДАР ҲАЁТИ ТОҶИКИСТОН ҶОЙГОҲЕ ДОШТА БОШАД!!!

АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК, НАМЕТАВОНАД ДАР ҲАЁТИ ТОҶИКИСТОН ҶОЙГОҲЕ ДОШТА БОШАД!!!

Душаманони миллати тоҷик, ба «Анҷумани озодандешони тоҷик» баҳои баланд дода, нақши онро мехоҳанд ба таври сунъӣ баланд бардоранд. Саволе ба миён меояд, ки ҳадаф аз ташкили чунин «Анҷуман»-ҳое, ки ҳануз ба фаъолият оғоз накарда, аз «буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фасоди густурдаи идорию ноадолатиҳои иҷтимоӣ»  ҳарф мезанад, чисту аъзоёнаш чи касонеанд? Мутаасифона вақте масъаларо мавриди таҳлили амиқ қарор медиҳӣ, маълум мегардад, ки бадхоҳони миллат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ин пешравиҳои сарзамини азизу маҳбуби тамоми Тоҷикистониёнро  ҳеҷ чашми дидан надоранд. Онҳо  кȳшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун як мамлакати  ноадолатиҳо қаламдод намоянд. Ба қавли зарбулмасали мардумии тоҷикон «Обро лой намуда, моҳӣ бидоранд!». Роҳбарият ва аъзоёни Анҷумани мазкур ҳеҷ гоҳ ба миллат, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон беғараз набуданд ва нестанд. Яке дар ҶИЭ паноҳ мебараду ғояҳои равияи шиаъро тарғибу ташвиқ менамояд, дигаре масти маблағҳои хоҷагони аврупоии худ гашта.

Месазад иброз намуд, ки эй «озодандешон»-и мȳхтарам! Боиси эҷоди хушунат ва бадбинӣ маҳз фаъолияти Шумо гардида истодааст! Маҳз фаъолияти Шумо ба якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатдории Тоҷикистон  таҳдид менамояд! Манофеъи шахсии худро яксу гузошта, аз манофеъи миллат ва давлати ҷавони Тоҷикистон ҳимоя намоед!

Бо ин ғояҳои пучу хаёлии худ чунин «Анҷуман»-ҳо ҷойгоҳе дар Тоҷикистон ва дар қалби Тоҷикистониҳо пайдо карда наметавонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code