Кишти пахта ва бунёди боғҳо

    

    Дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 54 га боғи нав бунёд гардидааст, ки ин 108 фоизи дурнаморо ташкил дода, 4 га  он токзор мебошад. Ҳамзамон 23,5 га боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд. Дар ҷамоатҳои деҳот кишти баҳорӣ идома дошта, имконият ҳаст, ки кишт дар муҳлати муайяншудаи агротехникӣ  ба анҷом расонида шавад.

   Кишти пахта мувофиқи дурнамо 3000 га пешбинӣ шуда, барои анҷоми корҳо 257 адад техникаҳои зарурӣ омода гардида, то 11 апрел  дар майдони 1480 га кишти пахта гузаронида шуд. Кишти зироатҳо  вобаста ба вазъи  боду ҳаво идома дорад.

                                                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code