Тоҷикистон – кишвари беназири сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ

   

    Бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва шинохти ҳунару фарҳанги волои миллӣ,  бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ     аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр  чораҳои дахлдор амалӣ шуда истодааст.

   Санаи 11 апрели соли 2018 дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб Конференсияи илмӣ- назариявии ҷумҳуриявӣ  таҳти унвони “Тоҷикистон  – кишвари беназири сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид.

   Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ дар баробари  донишмандони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа  ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ширкат ва суханронӣ намуданд.

    Зимни баромадҳо меҳмонон  китобҳои таълифнамудаи худро  ба раёсати Донишгоҳи Кӯлоб тақдим намуданд.

   Ҳамзамон баромадкунандагон аз ҷониби  раёсати Донишгоҳ бо ифтихорномаҳои  Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

    Баъд аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ олимону донишмандон дар бахшҳои рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

   Кори конференсия бо сайри сайёҳӣ дар  маркази таърихӣ- фарҳангии шаҳр,  осорхонаи шаҳри Кӯлоб  анҷом ёфт.

Бахши бойгонӣ- матбюуотӣ

                                            

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code