Бе об хама хоки замин ҷойи хароб аст

   Ҷумхурии Точикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаи глобалӣ вобаста ба истифодаи босамари захирахои об эътироф гардидааст. Бо назардошти ин масъала ва ташабусхои Пешвои миллат дар даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри  Кӯлоб озмун тахти унвони  «Бе об хама хоки замин ҷойи хароб аст»   баргузор гардид.

   Озмуни мазкур дар асоси накша- чорабинихои мақомоти иҷроияи ҳокимияьти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо  шуъбаи ҳифзи мухити зист дар ҳамкорӣ бо раёсати маориф баргузор гардид.

   Дар ин тадбири экологӣ аз 28 муассисаҳои таълимии шахру дехоти Кӯлоб хонанадагон аз рӯи 4 бахш «Намоишгоҳи бехтарин», «Қироати шеърхо дар васфи об», «Расми бехтарин» ва «Суолу чавоб дар мавзӯъи «Об сарчашмаи ҳаёт»  донишу махорати хешро  санҷиданд.

  Дар анҷоми чорабинӣ  ба як қатор хонандагон,  ки иштироки фаъолона доштанд бо сипосномаи раёсати маориф ва туҳфахои шуъбаи ҳифзи мухити зист сарфароз гардонида шуданд.

                                                                                                    Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code