Маҷлиси семоҳаи аввал баргузор шуд

     

    Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло,    муовини якуми раиси вилояти Хатлон  Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовинони  раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ҳифзи ҳуқук, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои  ҷамъиятиву сиёсӣ,  имомхатибони масчидҳои ҷомеъ,   раисони кумитаҳои маҳалла ва намояндагони  васоити ахбори омма  мачлиси ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии   соҳаҳои  ҳоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи якум   доир карда  шуд.

   Исмоилзода Саймурод – муовини раиси шаҳри Кӯлоб  оид ба натиҷахои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Кӯлоб дар семоҳаи авали соли 2018 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми  соли 2018 гузориш дод.

    Муовини раиси шаҳр Кенҷамоҳ Маҷидова доир ба корҳои сомондодашуда аз тарафи  соҳаи рушди иҷтимоӣ ва  зерсохторҳои он оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот дод.

  Вобаста ба  вазъи соҳаи кишоварзӣ сардори Раёсати кишоварзӣ Саломуддин Каримов, ҷиҳати  рушди сайёҳӣ мудири бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  Достиев  Ғиёсиддин  ва оид ба корҳои анҷомдодашуда дар се моҳи соли ҷорӣ  раиси ҷамоати Зиракӣ Ҳусниддин Зардиев ба муҳокима баромаданд.

  Сипас аз тарафи раиси шаҳр камбудиву норасоиҳои дар се моҳ ба вуқуъ пайваста  мавриди муҳокима қарор гирифт.

  Сардори нозироти андози шаҳр Зуҳуршо Нозимов,  сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб  Раҳмонов  А,  ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ  Шамсиддинов С, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Ҳакимова Ф ва сармутахассиси бахши дин  Шокирҷони Карим   дар бораи фаъолияти соҳаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта пурсида шуданд.

    Дар муҳокима  ва ҷамъбасти маҷлис муовини якуми раиси вилояти Хатлон  Зиёзода Сулаймон  дар бораи бурду бохт ва нишондодҳои тараққиёти  иқтисодии хоҷагии халқи  шаҳри Кӯлоб  суханронӣ намуданд.

  Дар хотима раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, ҳозиринро барои боз ҳам рушд додани соҳаҳои хоҷагии халқ ва ислоҳи камбудиҳо вазифагузорӣ намуданд.

  Ҳамчунин раиси шаҳр масъулинро  барои андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин оғози даҳсолаи амал «Об- барои рушди усувор», ободонии кучаву маҳаллаҳо, бунёди гулгаштҳо,  сохтмони синфхонаҳои иловагӣ,   майдончаҳои варзишӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили  сардхонаву гармхонаҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, фермаҳои чорводориву паррандапарварӣ    муваззаф намуд.

                                                                               Бахши бойгонӣ- матбуотии мақомоти иҷроияи                                                                                     ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code