«Тента Кӯлоб» таъмир мешавад

         Бо ибтикори роҳбарияти  шаҳри Кӯлоб корхонаи  «Тента Кӯлоб» ва ё ба ибораи дигар  «Кӯлоб -Текстайлз», ки ба коркарди нахи пахта машғул аст, ба кор оғоз мекунад. Акнун он аз  тарафи як соҳибкори Хитоӣ  ба иҷора гирифта шуда аст. Айни замон дар корхона корҳои таъмирӣ ва рангубор  рафта истодааст.

    Бояд қайд кард, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  8 корхонаи хурду бузурги коркарди пахта фаъолият дошта,  ҳар кадоми онҳо пахтаи худро  ҳамчун ашёи хом ба фурӯш мебароранд.  Ин имкон медиҳад, ки минбаъд пахта коркард карда шуда, дар шакли  нахи тайёр ба фуруш бароварда шавад.

   Бинобар  иттилои мудири бахши саноат, энергетика, ва нақлиёту коммуникатсияи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Икром Исматов корхона соли ҷори бо иқтидори пурра ба кор шуруъ намуда, зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони  шаҳри Кӯлобро ба ҷойи кор таъмин менамояд.

                                                            Бахши бойгонӣматбуотии шаҳри  Кӯлоб  

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code