«Мухолифон ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои худ намерасанд»

Соли 1979, ҳанӯз ҲНИТ нав таъсис меёфт. Роҳбари аввалаи ин ҳизби айни ҳол дар Тоҷикистон мамнуъ, марҳум С.А.Нурӣ, ки дар атрофии худ аз ҳисоби сокинони собиқ вилояти Қурғонтеппа ва маҳалли зисташ-совхози Туркманистон як қатор ҷавононро ҷамъ оварда буд, ба шумор мерафт. Дар ҳақиқат С.А.Нурӣ аз аввал мехост бо ҷалби як қатор руҳониёни собиқ вилояти Қурғонтеппа, ки решаи онҳо аз минтақаи Вахиё буданд, ба ҲНИТ рушду нумӯъ бахшад. Барои ин амалҳо марҳум С.А.Нурӣ ҷавононро бештар дар атрофии худ ҷамъ оварда, бо баҳонаи додани таълимоти динӣ, ба онҳо дарсҳои идеологӣ низ медод.
Рӯзе С.А.Нурӣ ба шогирдони ҷавононаш бобати бурдани корҳои назоратӣ аз болои кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, нозири минтақавӣ, кормандони амният, кормандони идораи ҷамоат ва дигар мақомотҳои давлатӣ супориш дода, ба онҳо таъкид намуд, ки бояд сари ҳар қадами ин гуна одамонро мавриди назорати ҷиддӣ қарор дод. Чунки, ин гуна одамон метавонанд ба машғулиятҳои динӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ дар хонаи марҳум С.А.Нурӣ сурат мегирифт, монеагиҳо пеш наоранд. Ҳамин тариқ С.А.Нурӣ то соли 1991 ба шогирдонаш таълимоти динӣ-идеологӣ омӯзонида, онҳоро дар руҳияи барпо кардани давлати «Исломӣ» омода мекард.
Бо омода кардани шахсони баромадкунанда ва ё ба қавле «араторҳо»-и динӣ, яъне шогирдони С.А.Нурӣ омода шуда, барои барпо кардани гирдиҳамоиҳо ва баромад кардан дар назди издиҳоми одамон ба пуррагӣ тайёрии ҷиддӣ медиданд. Моҳи феврали соли 1992 дар ш.Душанбе ва собиқ вилояти Қурғонтеппа бо ибтикори собиқ ҲНИТ гирдиҳамоиҳо сар шуда, дар пойтахти мамлакат ду майдон, яъне майдони «Озодӣ» ва майдони «Шаҳидон» ташкил карда шуд. Дар майдони «Шаҳидон» марҳум С.А.Нурӣ шогирдонашро дастуру тавсияҳо дода, гоҳ гоҳ худаш низ баромадҳо мекард. Дар баромадҳояш аслан бобати «ҷиҳод» кардан мардумро ба майдони ҷанг даъват карда, мақсаду маромашон дар Тоҷикистон таъсис додани давлати «хилофат» буд.
Хонандаи гиромӣ ин гуфтаҳоро албатта аз дигар рӯзномаву маҷаллаҳо ва ё сӯҳбатҳо бо шоҳидони ҳол бохабар бошанд. Аммо, камина низ яке аз собиқ шогирдони марҳум С.А.Нурӣ маҳсуб ёфта, дар ин бора ва дигар ҳолатҳое, ки С.А.Нурӣ ба шогирдони руҳонияш медод, бохабар ҳастам.
Боре бо ҳамроҳии дигар ҳамсабақонамон ба майдони назди кинотеатри «Ватан», воқеъ дар маркази ш.Қурғонтеппа, ки ин минтақа зери тасарруфи С.А.Нурӣ ва ҳаммаслаконаш қарор дошт, рафта, дар гирдиҳамоии марудми минтақаи води Рашт (ғармиҳо) иштирок карда, дар онҷо аз суханрониҳои устод С.А.Нурӣ огаҳ шудем. Ба рости устод дар суханрониҳояш пайваста аз ояту ҳадисҳо сухан карда, мардумро ба таври рушод ба «ҷиҳод» даъват мекард. Он кас мегуфт, ки мардуми мусалмон бояд ба таври ҷиддӣ «ҷиҳод» кунад. «Парвардигор ва малоикаҳои осмон барои ёрии онҳо меоянд ва он тире, ки ба суи душман хато меравад, малоикаҳо он тирро рост ба синаи душман мерасонанд». С.А.Нурӣ шояд дарк намекард, ки бо ин суханонаш мардумро ба ҷанги бародаркуш даъват намуда, оқибат онҳоро хонавайрон мекунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳазорҳо сокинони Тоҷикистон ҳамчун гуреза ба хоки Афғонисон панаҳ бурда, зулму ситамро ба худ раво донистанд. Дар мулки Афғонистони ҷангзада, ки ин давлат наметавонист ба мардуми худ сулҳ биёрад, мардуми худро серу танашонро пӯшида намояд, боз тоҷикон дар ин минтақа гуреза шуданд. Тоҷикон дар ин минтақа барои худ қабристон таъсис доданд. Чунки, аксари тоҷикон бо хизмати хирсонаи марҳум С.А.Нурӣ аз бемориҳои сироятӣ, гуруснагӣ, бехонаву дар ва аз ҳама муҳимаш аз Ватани худ дур будан, ба ҳалокат расиданд. Афғонҳо ба духтарону писарбачаҳои ноболиғ дастдарозӣ мекарданд. Тоҷикон бошанд ба онҳо ягон гап гуфта наметавонистанд. Ба номуси аксар духтарон таҷовуз мекарданд. Писарбачаҳои хурдсолро барои бачабозӣ бар ивази хурду хӯрок харидорӣ мекарданд.
Дар ин ҷо қайд карданиям, ки як қатор ҷавонони ноҳияи Панҷу Ҷайҳун (Қумсангир) аз шарму ҳайё ба Ватан бозпас нагаштанд. Чунки афғонҳои лаъин ба номуси онҳо таҷовуз карда буданд. Шояд сини ин писарбачаҳои нозанин алҳол ба 27-30 сола расида бошад. Ин чи даҳшатест, ки С.А.Нурӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба сари мардуми тоҷик оварданд.
Шукрона бояд кард, ки бо ташаббуси сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ҳамаи ин амалҳои дашатафкан пушти сар шуда, ба Ватани тоҷик сулҳ ҳукмфармо шуд. Гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуда, ба зиндагӣ аз нав оғоз карданд. Айни ҳол зиндагии онҳо беҳбуд буда, вале қисмате аз онҳо аз ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 хулосаи даркорӣ набароварда, то ба ҳол бо шогирдони С.А.Нурӣ, ба монанди М.Кабирӣ ва дигарон ҳамдастӣ доранд, ки боз ҳам аз Ватан бе Ватан шуда, аз оғуши гарми ёру дӯстон, хешу ақрабо дуранд. Онҳо фикр намекунанд, ки ҲНИТ ба мақсадҳои худ нарасид. Онҳо тасаввур намекунанд, ки ҳамаи ин амалҳо  барои ба даст овардани манфиатҳои шахсони алоҳида, ки аз давлати Эрон маблағҳо гирфта буданд, равона гардидаанд. Онҳо фикр намекунанд, ки ҳар як фарди тоҷик бояд барои манфиатҳои давлату Ватани худ, халқу миллати худ бояд кӯшишҳо намояд. Ватани худро ободу зебо гардонад. Аммо ҳайҳот. Имрӯзҳо мебинем, мехонем ва мешунавем, ки то ҳол мардуми гумроҳ бо М.Кабирӣ як шуда, аз манфиатҳои давлатҳои бо мо «дӯст» ҳимоят карда, бар зидди халқу миллати худ мубориза бурда истодаанд. Албатта мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳушёр шуданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 боз ба сари мардуми тоҷик ояд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҲНИТ барои даст доштан дар амалҳои террористӣ-экстремистӣ охирҳои соли 2015 ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон гардид. Ин маротибаи дуюм аст, ки мухолифон ба мақсадҳои худ намерасанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code