Изҳҳороти як гурӯҳ ҷавонони ватандӯст ба як матлаби ахбор.ком бо номи «таъсиси анҷумани озодандешони тоҷик»

Мо як гурӯҳ ҷавонони ватандӯсти замони истиқлол аз ин матлаби нашркардаи Мирзои Салимпур – муассиси ин сомона хеле ҳайратзада шудем: Боз гуруҳбозӣ, боз тақсим намудани тоҷикон, боз даъвои демократияи пучи аврупоӣ. Наход ин ҳама кашокашҳо барои шумо сабақ нашуд. Наход ин ҳама гурӯҳбозиҳои солҳои 90-92 аз ёдатон рафта бошад?! Ана ҳамин гуна озодихоҳони бекорхӯҷа буданд, ки Тоҷикистон ба як майдони ҷанг табдил ёфт. Акнун қисматҳои ин навиштаро таҳлил мекунем.

1-ум гуфта мешавад, ки матлаб рӯзи 12 –уми феврал нашр шудааст. Аммо худи тасмим 3 сол пеш – 2015 гирифта шуда будааст. Аҷаб гапи хандаовар. Хандаовартараш нафаронеанд, ки имзо гузоштаанд, Ин 3 сол дар куҷо будед?

2-юм гуфта мешавад: «Зери баёнияи таъсиси Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов ба унвони масъули Раёсати иҷроия ва сухангӯи Анҷуман, ҳамчунин Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгамов имзо гузоштаанд.» Кистанд инҳо? Сайидюнус Истаравшанӣ ҳамин мазҳабфурӯш ва рондашудаи ҲНИТ набуд? Алим Шерзамон ҳамин нифоқандези фейсбукӣ нест? Ой мардум, ин аробаи шалақро куҷо мебаред? Оё бо чунин шахсони фурӯхташудаи дину мазҳабу миллат шумо дуур меравед? Ҳаргиз не! Аз кафои Истаравшании шиашудааи бадбахт чанд кас меравад? Халқ рост мегӯяд: Аз қафои зоѓ куҷо меравӣ? – г..хӯрӣ!

Баёнияи ин созмонро дида ба ҳар банди он ҷавоб гуфтан мумкин аст. Ба баъзеаш ҷавоб мегӯем:

  1. « – ниҳодинакардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дарҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон;

Ин чӣ маънӣ дорад? Оё дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ наомадааст, ки 7 млн нафар овоз додааст? Боз чӣ мехоҳед? Ҳамин моддаи 1-уми Конститутсияро мехоҳед иронича карда ниҳодина кунед? Ҳайфи бесаводии сиёсиатон!

  1. “ – талош барои бунёди ҷомеаиинсонмеҳвар, ки дар он, давлатманофеи кишварро дар таъмини ҳаддиаксари ҳуқуқ ва озодиҳоиинсон бидонад;

Ин чӣ маънӣ дорад? Ин ҳамон моддаи 5-уми Конститутсия нест?

Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд… Шумо ҷанобон фақат ҷумлаҳои Конститутсияро айнан гирифта иронича карда ба мо пешниҳод карда истодаед. Ҳайфатон!

Гапро ба дарозо кашиданӣ нестем, Хонандаи закӣ ҳар банди баёнияро хонда бинад, ҳамин бандҳои Конститутсияи моро гирифта, дигар хел карда, ба лаҳчаи Сайидюнуси Истаравшании хоин мувофиқ карда навиштаанд. Воқеан, бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки  Сарқонуни мо яке аз беҳтарин Сарқонунҳост!

Ба Шумо як гап гуфтанием:  Ҷавонони озодидӯсти Ватандӯст дар Ватан миллионҳо нафаранд ва дар гирди Пешвои Миллат ҷамъ шуда, Ватанро обод мекунанд. Ҳеҷ яке аз созмонҳои хориҷии фурухташуда наметавонад пеши роҳи ин Созандагиро бигирад.

Дӯсти бо ҷумҳуриҳои бародар вусъат мегирад. Барқи доимӣ ҳаст, ҷойҳои корӣ рӯз аз рӯз зиёд мешаванд. Роѓун соли 2018 ба кор медарояд. Ватан обод мешавад. Ҳама дар гирди Пешвои миллат сарҷамъем. Эй хоинони фурухташуда, аз қафои Шумо касе намеравад, ба ҷуз ду фурӯхташудаи дигар.

Зинда бод Тоҷикистон бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code