Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ

                Дар шаҳри Кӯлоб 12 лоиҳаи давлатии сармоягузории зерин амалӣ гардида истодааст:

 (то 1 январи соли 2018)

  1. Дар доираи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ (марҳилаи 3)» сохтмони бинои дуошёнаи таълимии дорои 6-синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 деҳаи Хоҷа Исҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ пурра ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда 209,0 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

  1. Дар доираи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо (марҳилаи 3)» Сохтмони бинои таълимии мактаби №23 барои 340 ҷойи нишаст дар  деҳаи Давлатободи  ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб баистифода дода шудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар доираи лоиҳаи мазкур дар ноҳия 419,89 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

  1. Дар доираи Лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна (марҳилаи 3)” сохтмони Мактаби миёна барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба маблағи умумии 2,91 млн. доллари ИМА сохта ба истифода дода шудааст.

 

  1. Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон» дар ноҳия чунин корҳо баанҷом расонида шудааст. Аз ҷумла хуҷраҳои мониторинги КАТС-и ноҳия коргоҳи кории КШ бо 1 адад компютер, 2 адад ноутбук HP, 2 адад принтер Canon MF, 1 адад сарчашмаи мутаасили барқ барои коргоҳи корӣ, 1 адад тасбитгари автоматикии шиддат ва бо мебели корӣ таъмин карда шудааст. Инчунин доруворӣ (микронутриентҳо), нуриҳои минералӣ, тухмиҳо, борхалтаҳои тиббӣ барои мутахассисони КАТС харидорӣ карда шуд. Маблағи умумии азхудшуда дар ноҳия 180,43 ҳаз. доллари ИМА ташкил медиҳад.

 

  1. Дар доираи Лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” барои рушди истеҳсолот, идоракунии экологии замин ва инфрасохтори дохили хоҷагӣ ба 428 нафар сокинони ноҳия маблағҳои грантӣ барои лоиҳаҳои пешниҳодгардида, аз ҷумла дар соҳаҳои самаранокии кишоварзӣ (230 адад лоиҳа), идоракунии захираҳои замин (166 адад лоиҳа) ва иншооти маҳаллӣ (32 адад лоиҳа) дастгирӣ ёфтааст. Маблағи умумии азхудгардида дар ноҳия 2,3 млн. доллари ИМА ташкил медиҳад.

 

  1. Дар доираи бахшҳои 1 ва 2-и Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» корҳои соҳилмуҳофизатӣ 2845 метр, тозакунии маҷрои дарё 2185 м ва харидорӣ, дастрас намудани техникаҳои вазнин 1 адад ва барқарорсозии бандҳои обгардонӣ 1 адад сохта ба истифода дода шуд, корҳо идома дорад. Ҳаҷми маблағҳои азхудшуда дар ноҳия 947,5 ҳаз. доллари ИМА ташкил медиҳад.

     Инчунин, дар доираи бахши 4-и лоиҳа ба 137 сокиноки ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ        қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 380,65 ҳаз. доллари ИМА дода шудааст.

     Дар баробари ин, дар доираи бахши 3-и лоиҳа корҳои сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии ба тағйирёбии иқлим устувор дар ҷамоати Зиракии шаҳри Кулоб корҳои сохтмонии ҳавзҳои оби тоза, хобонидани қубури полиэтилении ҳаҷмашон гуногун, васлкунӣ манораи баландфишор ва девори оҳану бетонии атрофи обанбор ба маблағи 903,9 ҳаз. доллари ИМА идома дорад. Маблағи умумии азхудгардида дар ноҳия 2232,05 ҳаз. доллари ИМА ташкил медиҳад.  

  1. Дар доираи бахши II (А)-и Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба 14 нафар сокинони ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми умумии 39,5 ҳазор доллари ИМА дода шудааст.

     Инчунин дар доираи бахши I, II (B) ва III-и Лоиҳа дар шаҳри Қурғонтеппа дар давраи ҳисоботӣ, дар рафти тадбиқи Лоиҳа ба амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи (ЗАИ)  маҳсулоти шир барои     

      1 – Гуруҳҳи фермерон  тибқи ду модули омӯзиши пурра семинарҳо  гузаронида шудаанд. Ҳаҷми маблағҳои азхудшудаи лоиҳа дар шаҳр 1,7 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  

  1. Дар доираи Лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” тавассути ташкилотҳои қарзии хурд ба 144 нафар шаҳрвандҳои ноҳия маблағҳои қарзӣ барои гармкунии хона, хариди дару тирезаҳои пластикӣ, хариди техникаи маишии каммасраф, дару тирезаҳои чубин, гармкунии фарши хона, бомпӯш намудани хона, дару тирезаҳои аллюминӣ, насосои каммасраф, гармкунии девори хона, таъмири хонаҳо ва хариди панелҳои офтобӣ ҷудо намудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар доираи лоиҳаи мазкур дар ноҳия 139,6 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

  1. Дар доираи Лоихаи “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал” тавассути ташкилотҳои қарзии хурд ба 38 нафар шаҳрвандҳои ноҳия маблағҳои қарзӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳалли масъалаҳо оид ба тағйирёбии иқлим тавассути мусоидат намудан ба иҷрои тадбирҳои устувор ва истеҳсоли молҳои кишоварзӣ, идоракунии захираҳои замин ва дар дигар соҳаҳо равона карда шудааст, мусоидат менамоянд. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар доираи лоиҳаи мазкур дар ноҳия 88,8 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

  1. Дар доираи Лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-2” дар ноҳия чунин корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар маҷмуъ 7 адад тракторҳои тамғаи МТЗ, 4 адад ядак, 1 эксковатор ва 1 адад борбардори фронталӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

     Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида 385,17 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.  

  1. Дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб барои курсҳои кутоҳмудати коркарди меваю сабзавод ва консервакунони маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 12,0 пардохт шудааст.

 

  1. Дар доираи Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ чунин корҳо баанҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, корҳои барқарорсозии қисматҳои харобгаштаи сойи Теболайи шаҳри Кӯлоб дар маҷмӯъ 4,9 км нишебиҳои ду паҳлуи сой бетонпуш, 28 адад садд (зуб) барои паст намудани суръати ҳаракати ҷараёни селоба, 70 ҳазор м3 хоку лой аз дохили сой, барқарорсозии 2 адад купруки  одамгузар, 1,5 км хати партов бо қубури оҳанин, барои партофтани пасоби (канализатсия) аҳолии ду тарафи соҳили сой, 2,7 км хати оби нӯшоки бо қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун барқарор карда шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҳудуди шаҳр 2,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

       Маблағи умумии дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории мазкур дар шаҳр азхудшуда 11,32 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code