Давлату ҳукумат барои зиндагии шоиста ва кору истироҳати мардум тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Бахусус бахшида ба эълон гардидани шаҳри Кӯлоб ва Воронежи Россия, ҳамчун маркази фарҳангии давлатҳои муштаракулманофеъ, соли 2015 дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб фаввораи ҳунар ва дустии халқҳо бунёд ёфт , ки ба тарҳи меъморӣ ва зебоии шаҳр ҳусну таровати тозае зам намуда аст.
Имрӯзҳо бо фаро расидани фасли баҳор фаввора ба кор дароварда шуда, сокинони шаҳр фориғ аз кор дар атрофи фаввора истироҳат мекунанд. Сулаймон Султон