Духтарони сарвар

      Дар асоси қарори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, № 158 ва   қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2017, №106 «Дар бораи Барномаи  давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017, 2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Кӯлоб курси омӯзишӣ доир гардид.

      Омӯзиши мазкур имсол низ санаи 6-уми апрел  бо роҳбарӣ ва  иштироки намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар толори хурди Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб,  таҳти унвони «Духтарони сарвар» ва «Занони сиёсатмадор»  доир карда шуд.

    Мақсад аз баргузории чорабинӣ тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва дарёфти занону духтарони лаёқатманд  мебошад.                           

        Бахши бойгонӣ- матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code