90-солагии Ашўр Сафар – Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатиии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Фазлиддин Муҳаммадаиев

 

ПАДАРХОНД

              Боиси дигари барори корҳои мо рафиқи худамон Ашӯр Сафар буд. Ин шоири ҳаҷвнигор, марди зарофагӯи меҳрубон анъанаҳои нахустин устодаш Саидалӣ Вализодаро ба хубӣ давом медиҳад. Дар тарзи суҳбатороиҳои ӯ идомаи сабки устод Боқӣ Раҳимзодаро низ метавон мушоҳида кард.

       -Вализода ҳавобаландон ва сохтакоронро бисёр шум медид,- нақл мекунад Ашӯр Сафар.- Рӯзе ӯро дар як деҳа ошнои деринааш, ки аз сифатҳои мазкур озод набуд, ба ҷону ҳолаш намонда, ба хонааш мебарад. Маълум мешавад, ки ҳамсари мизбон зани ҷамилае будааст. Зани гулчеҳраи баландболо, нозукхиром ва хушадо.  Соҳиби хона ӯро ба ҳар баҳона ин сӯву он сӯ равона мекунад, ҳуда-беҳуда ба сари дастархон мехонад. Зан ҳамаи фармоишоти шавҳарро бо лафзи ширин ва бе камукост адо мекунад. Бо вуҷуди ҳамин қадар худнамоиҳо мизбон ғалаёни ғурурашро пиҳон дошта наметавонад. Ба Вализода мегӯяд:

– Дидед, Мавлоно, мо дар хонаи худ чи қадар эркаем!

– Дидем,- мегӯяд Вализода ва бадоҳатан илова мекунад:

                     Дар ҳавлии мо тоқаниҳол афтодаст,                      

   Гулғунча ба дасти лавкашол афтодаст.   

     Вақте, ки Ашӯр Сафар дар Институти педагогии Кӯлоб адибони аз шаҳри Душанбе омадаро муаррифӣ мекард, аввал таърихи узви ифтихории колхози «Ленинград» шудани Лоиқро гуфт. Пас, илова кард:  

      -Ба шумо, рафиқҳо, маълум, ки банда сардори як оилаи калоне ҳастам, ки аз ягон колхози баобрӯ монданӣ надорад. Худам қатӣ якҷоя понздаҳ нонхӯр дорад. Агар шумо, хонандаҳои азиз, зид набошед, Муҳаммадиевро чун узви фахрии оилаи худам қабул мекунам. Хонандаҳо бозавқ кафкӯбӣ карданд. Яъне номзади банда ҳамчун узви оилаи дӯстам тасдиқ шуд.

     -Дар замони арзониву амонӣ сер кадани шиками як нонхӯри изофӣ ҳеҷ гап нест.- боз илова кард Ашӯр Сафар ва боз мавҷи қарсак баланд шуд ва камина дигар аз қатори писарҳои шоири ширинкор устувор ҷой гирифтам.

      Инак, то анҷоми сафар ба рафиқи ҳазлкашам ба истилоҳи ҳамаи шеваҳо гоҳ падар, дада ё дадо ва гоҳе ота ё бобо гӯён муроҷиат мекардам. Қарор шуд, ки падар ҳар сол аз ҳосили боғаш бароям ду пуд анор ва як сарупо либоси урфӣ мефиристад, аз тамокупулӣ, тамошопулӣ, карасин (бензин) пулӣ ва дигар анвои кисахарҷии писар хабардор хоҳад буд. Банда аз ҷониби худ уҳдадорам, ки соле як маротиба баҳорон ба Кӯлоб омада, бехи ду қатор анорро побел, нарм ва аз алафи бегонаю тухми ҳашарот тоза кунам. Ва ҳар гоҳ ки китоби калонтаре аз камина ба нашр бирасад, ҳаққи аъзогии оилаи қилагоҳиро бечунучаро адо намоям.

       Ашӯр Сафар мекӯшад, ки табассум аз лаби сомеон дур нашавад. Лекин агар лозим ояд, ба суҳбати ҷиддӣ низ ҳамеша омода аст.

      Ба бинои Комитети партиявии райони Восеъ даромадем, ки аз толори райком садои қарсак ба гӯш мерасад. Пурсидам, гуфтанд, ки ҷонишини раиси Совети Вазирон Акбар Нусратуллоевич Махсумов ва роҳбарони вилоят ба деҳқонон ва коргарони пешқадами район ордену медалхои мукофот гирифтаашонро месупоранд.

      Дар мулоқот бо мукофотгирифтагон, ки барои мо вохӯрии ғайримунтазира ва берун аз нақша бошад ҳам, аз сабаби рӯҳбаландии ҳозирон хеле бамаврид буд ва хуш ҳам бигузашт, касе ба Ашӯр Сафар номае навишта илтимос кард, ки дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев нақл кунад.

     Ашӯр Сафар аз айёми ҷавонии Амиршоев, аз корнамоиҳои ҷангии ӯ ҳикоят кард. Қиссаи чӣ гуна бо супориши ҳамдиёрон ба оромгоҳи Сафар Амиршоев як каф аз хоки зодгоҳ бурданаш, аз тарафи бародарони литвонӣ чӣ тавр гарм истиқбол шуданаш, нақлҳои ононро дар бораи фарзанди шердили халқи тоҷик арз намуд.

     Вай аз ду Қаҳрамони дигари Иттифоқи Советӣ, ки аз вилояти Кӯлоб ба ҷанг рафтаанд, аз Саидқул Турдиев ва Исмат Шарифов низ лавҳаҳои рангине ҳикоят кард. Ҳозирон гӯё дам ба дарун кашида, ривояти муассири шоирро гӯш мекарданд. Аз ҷумла, худи ман аз нақли Ашӯр Сафар ба саволҳои деринаам посух гирифтам, ки чаро номи Исмат Шарифов дар рӯйхати тоҷикписарони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳасту аксашро дар плакату лавҳаҳо надидаем. Ашӯр Сафар гуфт, ки афсӯс, ки аз Исмат Шарифов расме ба ёдгор намондааст.

    Оре, Ашӯр Сафар чун як марди фозил, педагог ва омӯзгори соҳибтаҷриба, мисли шахсе, ки аз таърихи дуру наздик, аз урфу одатҳои наву куҳна ва судманду нодаркор ба хубӣ огоҳ аст, суҳбатҳои хушмазмун меорояд.

    Вале, чунон ки дар урфият мегӯянд, устухони ӯро бо ханда, бо латифаю аския шах кардаанд.

    Субҳи 14 апрел дар рӯи ҳавлии фарохмайдони Омӯзишгоҳи ҳунармандию техникии райони Восеъ конкурси республикавии механизаторон ва говҷӯшон барпо шуд. 

    Намондагони ҳамин гуна омӯзишгоҳхои вилояти Ленинобод, Қӯрғонтеппа ва водии Ҳисор, инчунин Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Гавҳар Пиракова барин дастпарварони шуҳратманди омӯзишгоҳ, механизаторон ва говҷӯшони номӣ ҳузур доштанд.

     Баъди барафроштани парчами мусобиқа – Байрақи сабзи резервҳои меҳнатии  СССР, пас аз падар-намоиши иштироккунандагони конкурс қисми адабӣ оғоз ёфт.

      Ашӯр Сафар инони сӯҳбатро ба даст гирифт ва аз меҳмонии адибон дар чунин рӯзи нағз, аз ғамхориҳои давлатамон дар боби тарбияи ҳунармандон сухан гуфт ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Ростӣ, зимнан бесаброна мунтазир будам, ки дар чунин вазъияти ботантанаи расмӣ, дар зери байрақи расмӣ, пас аз машқи расмии оркестри бошукӯҳи асбобҳои ялаққосии нафасӣ рафиқи ширинкори мо ба услуби шӯхи нақлҳои намкинаш чӣ хел мегузашта бошад? Ашӯр Сафар дар ҳамин шароит ҳам гузаргоҳи муносибе дарёфт. Гуфт, ки аз ҷумлаи ғолибони мусобиқаи имрӯзаи говҷӯшон ва заминронҳо ба конкурси умумииттифоқӣ се нафари беҳтаринашон интихоб мешудаанд. Ин хуб аст, гуфт Ашӯр Сафар, аммо агар барои чор кас ҷой мешуд, боз беҳтар. Чунки вай Ашӯр Сафари шоир ва муаллим дар говҷӯшӣ низ ҳунаре дорад каснодида ва гӯшношунида, зеро аз тасодуф ин ҳунари вай аз назари мардум пинҳон мондааст. Ҳукми рӯзгор будааст, ки дар оилаи волидайни вай фақат писар таваллуд мешуд ва аз ин сабаб солҳои сол вазифаи говҷӯшӣ дар зиммаи Ашӯри мактабхон буд.

   Пас ба ҳикоят оғоз кард, ки байни санъати ҷӯшидани модагови ором ва бузи шайтон чӣ тафриқае ҳаст. Гуфт, ки барои ҳисоби хурма ва косаҳои шири ба ҳақу ҳамсоя дода шуда дар деворҳои хона чӣ нақшу аломатҳое мекашид, барои рафъи васвасаи шайтон, ки ҳар шому саҳар мефармуд: «Ҳой Ашӯр, ақлата нахӯр, андак-андак ба шир об қатӣ кун!»-бар зидди ин иғво чӣ гуна матонат ва устувориҳо нишон медод.

    То ин ҷои сухан дар фазои ҳавлӣ дигар садои ханда ҳукмрон буд. Иштироккунандагони конкурс аз сафҳои бонизомашон баромада, баъзеҳо ишкамҳошонро дошта, аз сидқи дил механдиданд.

    -Ду нафар аз хешовандони ман, зану шӯи солхӯрда фақат якта писар доштанд. –гуфт дар хотима Ашӯр Сафар. Ба қарибӣ тӯй карда, ба писарашон зан доданд. Модари яккаписар ҳамаи умр орзуе дошт, ки арӯс дастёри беминнати хонадон шавад, дар айёми пирии ӯ мададгор шавад. Аммо, сад афсӯс, арӯси ҷавон ғайр аз орову торои ҷамол ва либосаш дигар ба коре ҳавас надошт.

    Хешовандонам қарор доданд, ки ба арӯс гапи сахт нагӯянд, балки худ ибрат нишон дода, ҷавонзани нозпарвардро кам-камак ба роҳи дуруст андозанд. Бо ин мақсад пиразан як пагоҳӣ ҷорӯб гирифта, ҳавлии кайҳо боз нарӯфтаро ба рӯфтан сар кард. Пас аз муддате пирамард ба паҳлӯи кампир расида гуфт, ки «занак, биё, акнун ман каме ҷорӯб занам». Кампир гуфт, ки «Не, худам мерӯбам».  Пир гуфт, ки «Не, ҷорӯбро ба ман бидеҳ. Ҳамин рӯфтанат кифоя аст».

    Арӯс, ки дар хона пеши оина бо молидани ӯсмаю сурма ва ғозаю сафеда машғул буд, сар аз тиреза берун кард ва бо ишвае гуфт: «Ҳо, ба чӣ ҷанҷол мекунед? Навбат кунен, намеша?! Имрӯз пир рӯба, пуга – кампир…».

    -Мо бисёр хушнудем, ки ба ҷашни ҷавонони даҳ дасташон ҳунар омадем,-нақлашро хулоса кард рафиқи мо.- Ва чӣ хуш, ки аз миёни ҳамин қадар ҷавонписарон ва духтарон аз зоти ман гуфта, сад сол ковед ҳам, як дона намеёбед…

   Камина низ мамнунам, ки «бобои ифтихории» ман ҳамаи рӯзҳои сафар корвонкаши  гурӯҳи мо, сарвари шириннафаси маҷлис ва сӯҳбатҳои мо буд.

    Қабл аз бозгашт ба боғи анорзори падархонд даромада, хабар гирифтем, ки ҳоли дарахтон чун аст, вазъи навдаҳо, муғчаҳо чӣ гуна аст, оё ҳосил чӣ миқдор хоҳад буд? Дидем, ки анорҳо ҳанӯз барг накушодаанд, дарахтон, ниҳолон ҳама тару тозаанд ва ҳосил фаровон хоҳад шуд.

    Таманное дорем, ки маҳсули намакини боғи эҷоди падархонд имсол ва солҳои бисёри оянда ба ҳамин поя фаровон, ширин ва судманди мардумин бошад.  

Соли 1982   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code