ОРЗУИ ДЕРИНТИЗОР

       

      Ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ (05.10.2017) ба сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз намуданд.

     Аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло зимни оғози сохтмони бинои маъмурии ҳизбӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ободу зебо гардида, дар ҳар як гӯшаи он корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён доранд, ки оғози сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб низ давоми мантиқии он аст.

    Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб дастур дода шуд, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад ва бинои мазкур дар асоси лоиҳа ва иҷроиши нақшаи сохтмонии он бо сатҳу сифати баланд сохта шавад.

   Имрӯзҳо сохтмони бинои маъмурии ҳизбӣ бо дастгириҳои пайвастаи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома дорад. Ошёнаи дуюми он аллакай ба имтмом расида истодааст.

   Барномаи ҲХДТ аз ормонҳои мардуми тоҷик маншаъ гирифта, зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият намуда, ҳадафи аслии он сулҳ, пешрафт ва созандагиву бунёдкорӣ дар Тоҷикистони азиз аст. Умед аст, ки дар якҷоягӣ ва ҳамбастагиву ҳамдилӣ  аъзоёни ҳизб  даст бар дасти ҳам гузошта, ба мақсади олии худ мерасанед  ва дар Кӯлобшаҳри бостонӣ як бинои ҳизбӣ қомат афрохта, симои зебоӣ онро боз ҳам зеботар мегардонад.

     Бояд гуфт, ки мутобиқ ба лоиҳаи таҳрезишудаи сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аслан ду ошёна буда, 5 утоқҳои корӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроия, як толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст ва ду меҳмонхона бо тарзи муосир бунёд хоҳад гашт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code