Набзи соҳаи саноати шаҳри Кӯлоб

    Корхонаҳои саноатии шаҳр дар якҷоягӣ бо сектори хусусӣ  дар 3 моҳаи аввали соли 2018 ба маблағи 45,5 млн  сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати ба ҳамин давраи  соли 2017  4,9 млн сомонӣ зиёд  буда, 114,5 фоизи нақшаро ташкил дод.

   Бояд қайд намуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр 16,8 млн сомонӣ  ё  ин, ки  50 фоиз  зиёд  гардидааст.

    Нақшаи  дурнамои  истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  дар 3 моҳи соли  2018   25  фоиз иҷро гардида, 590  нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

    Бояд қайд кард, ки 18 адад корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулотро  нисбат ба соли гузашта  зиёд намуданд, Аз ҷумла ;  ҶДММ «Зарҳам»  ҶДММ «Умед 2012»  ҶДММ «Даврон К»    ҶДММ «Хосор-с»  ҶДММ «Хуршед-Н»  ҶДММ «Ориён-Рустам» ҶСНК «Комбинати-шир» ҶДММ «Лайло-П» ҶДММ «Мустафо-2009» ҶДММ «Авранг»  ҶДММ «Амон-1» ҶДММ «Зуҳал-М» Корхонаи Нобиноён  ҶСК «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот» идораи «Матбаа».

    Тибқи накшаи амал дар соли ҷорӣ бояд 8 адад корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ  ба истифода дода шавад . Аз ҷумла 2 коргоҳи дӯзандагӣ 4 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ,  1 коргоҳ  истеҳсоли дару тирезаҳои пластики ва  1 коргоҳи қаннодӣ.          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code