Маҳфили Ашур Сафар

    Тибқи  пешниҳоди Иттифоқи нависандашони Тоҷикистон  ва мактуби дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имсол 90- солагии шоири халқии Тоҷикистон  Ашур Сафар  дар назар дошта шудааст. Вобаста ба таҷлили  90-солагии   шоири  зиндаёд  Ашур Сафар нақшаи чорбиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  таҳия гардида,  дар асоси он имрӯз дар муассисаи таълимии №50,  ки номи устодро доро мебошад, маҳфили адабӣ бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, фарзанди устод, шоир – Файзи Ашур, шоирон Лутфи Хомуш, Сулаймон Султон ва  навқалами умедбахш  Ҳуснигул Раҳимзода  доир карда шуд.

    Адибон   аз ҳаёту фаъолияти шоир ёдовар шуда,  ҷавононро ба дӯст доштани  ватану зебоиҳои он,  адабиёт ва илму  маърифат ҳидоят намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code