Кишти пахта дар шаҳри Кӯлоб

     Имсол кишоварзони шаҳри Кӯлоб кишти пунбадонаро вобаста ба шароити боду ҳаво, ки гармтар ва бебориш омад,  нисбат ба соли гузашта 15 рӯз  пештар  оғоз намуданд.

     Айни замон кишти пахта дар хоҷагиҳои дехоти Кӯлоб  муташаккилона идома дорад.

      Барои гузаронидани кишт шароитҳои мусоид муҳайё буда, барои дар муҳлатҳои  муайяншуда  гузаронидани кишт  257 адад техникаи зарурӣ омода карда шудааст.

То имрӯз тибқи маълумоти сардори  Раёсати кишоварзии   шаҳр 560 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.

     Бунёди боғу токзор низ  вусъат ёфта ,  54 гектарро ташкил медиҳад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code