Кӯлоб. Майдончаи кӯдакона сохта шуд

    Мардуми заҳматқарини шаҳри Кӯлоб аз тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва    рӯз аз рӯз обод гардидани мамлакат, бахусус  пойтахти ҷумҳурӣ  рӯҳу илҳоми тоза гирифта,  барои  ободу зебо гардонидани шаҳри  Кӯлоб  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

   Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Ширкати соҳибмулкони манзил, ки соли 2017 бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати  ободу зебо гардонидани биноҳои баландошёна таъсис дода шудааст, санаи 4-уми апрел дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин,  назди хонаи 31, дар майдони 0, 03 га  майдончаи кӯдакона сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии майдончаи кӯдакона муовини раиси шаҳр Исмоилзода С  ширкат намуда,  сокинони маҳалла ва  хонаи баландошёнаро  бо ин иқдоми нек таҳният гуфтанд.

   Кӯдакони хуштолоеъ, ки ба бахти онҳо миқдори чунин майдончаҳо дар шаҳри Кӯлоб   меафзояд, дар чорабинӣ шеърхонӣ ва рақсу бозӣ намуда,  хушҳолӣ ва  хушбахтии худро  изҳор намуданд.                                                                                                                                  Сулаймон Султон    

Дилором Файзова                

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code