Ифротгаройиву терроризм зуҳуроти нав нест

   Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлубест, ки ҷомеъаи ҷаҳониро ба ташвиш оварааст. Имрӯз дар кишварҳои гуногуни дунё даҳҳо гурӯҳи террористию экстремистӣ амал мекунанд, ки бо тахрибкорӣ боиси бадбахтии миллионҳо нафар гаштаанд, зеро ин зотҳои касиф барои ноил гардидан ба мақсаду ниятҳои нопок аз ҳеҷ гуна ҷаҳолату қабоҳат рӯ наметобанд ва ҳатто ба кӯдакон ва занону барҷомондагон раҳм намекунанд.

    Пайваста аз расонаҳои ахбори омма огаҳӣ меёбем, ки дар ин ё он кишвар амали террористӣ аҷом ёфта, боиси ҳалокати одамон шудааст. Бадии кор он аст, ки солҳои охир баъзе аз давлатҳои нопок сиёсати дугонаро пеша намуда, барои манфиатҳои миллӣ гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ ва аз онҳо истифода мекунанд. Воқеаҳои солҳои охир дар кишварҳои Араб, Африқои Шимолӣ ва Сурия рӯйдода мисоли равшани ин гуфтаҳост. Дар он кишварҳо чанд гурӯҳи ифротию террористӣ, амсоли ДИИШ ва Ал-Қоида, амалиёти ҷангӣ гузаронида боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар ва гуреза шудани қисми зиёди аҳолӣ гардидаанд.

   Терроризму ифротгаройи зуҳуроти нав нест. Дар тӯли таърих воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ омадаанд, ки ба ин зуҳуроти нанговар пайвастагӣ доранд. Аслан, сарчашмаи терроризм ифротгаройӣ аст. Экстремистон, яъне моҷароҷӯён (чӣ динию сиёсӣ ва ғайра), бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан аз террор кор мегиранд. Вожаи (террор) лотинӣ буда, маънояш (тарсу ҳарос) мебошад. Яъне, террористон ба воситаи тарсу ҳаросафканӣ ва зуроварӣ дар байни одамон мехоҳанд ба мақсад ноил гарданд. Ин зуҳуроти номатлуб асосан дар охири асри ХVIII зуҳур кард. Масалан, дар Россияи асри ХIХ  гурӯҳи «Народная воля» амал менамуд, усули муборизааш барои ба сари қурат омадан аз террор иборат буд. Ин усул терроризми сиёсӣ номида шудааст.

   Дар таърих чанд намуди терроризм, аз ҷумла сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва ғайра дучор меояд.

   Имрӯз дар ҷаҳон аз ҳама бештар терроризми динӣ вирди забоҳост, ки онро бештар ба мардуми мусулмон нисбат  медиҳанд ва мисоли он ҳаракати ДИИШ аст, ки мақсади ниҳоии он бунёди давлати исломӣ дар кишварҳои гуногун мебошад. Аз таърих медонем, ки дини мубини ислом дини дустию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳамулгароӣ ва бунёдкорист. Аслан, онҳое, ки мехоҳанд аз номи ислом ба ҳадафҳои пок расанд, он дини мубинро номӯхтаанд. Балки онро бадном мекунанду амалҳои ин тоифа ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надоранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат (соли 2015) зикр карданд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.»

   Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бештар ҷавонони камтаҷрибаю гумроҳро бо ваъдаҳои дурӯғин, аз қабили адолати иҷтимоию ҳаққиқат, пулу мол ва зиндагии серу пур дом ба андохта, ба мақсадҳои нопок истифода мебаранд. Имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон низ ба дурӯғи ин зотҳои касиф бовар карда, дар муҳорибаҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон ширкат варзида, ба ҳалокат мерасанд.

   Саволе ба миён меояд, ки бештар ба гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ кӣ шомил мешавад ва чӣ гуна ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳои тахрибкор мепайванданд?

   Имрӯз шабакаҳои интернет ва дигар воситаҳои техникаи муосир барои аксар ҷавонон дасрас аст. Мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз онҳо хеле моҳирона истифода бурда, мағзи сари наврасону ҷавоноро бо ғояҳои дуруғину харобиовар заҳролуд мекунанд ва бо гапҳои дуруғу ваъдаҳои ҳавоӣ моил месозанд. Ба андешаи инҷониб, аз ҳама бештар ҷавонони бекор- онҳое, ки намехоҳанд бо меҳнати ҳалол рӯз гузаронанд, ба доми террористон меафтанд ва гумон мекунанд, ки хоҷагони террорист дар оянда ба онҳо зиндагии серу пурро таъмин месозанд. Туъмаи ин гургон- рӯҳониёни фитнагару ҷаҳхоҳ мегарданд ва дар роҳи «хизмат» ба дини ислом худро қурбон мекунанд.

    Бинобар ин, вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯст аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.

   Танҳо баргардонидану ҳабс кардан ин мушкил ҳал намешавад. Бояд тамоми воситаро барои фаҳмонидани хатои онҳо истифода барем.

   Соли 2017 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон шуд ва бо иштироки ҷавонон ҷамъомаду маҳфил, вохӯриҳои зиёд барпо гардид. Зарур аст, ки минбаъд низ ин иқдомро барои ҳушдор додани ҷавонон ҷиҳати канораҷӯйӣ аз ҳар гуна равияву ҷараёни харобиовар, ифротию террористӣ тавсеа бахшем, оқибати бади ин гуна ҳаракатҳоро бо мисолҳои мушаххас исбот созем. Дар ин раванд уламо, сархатибони масҷиду муллоҳо низ метавонанд саҳми бориз гузоранд. Онҳо бояд наврасону ҷавононро бо асли дини мубини ислом, ки зидди ҳама гуна куштору зӯроварӣ ва хуни ноҳақ рехтан аст, ошно созанд. Ҷавонон бояд донанд, ки ҳама дин аз ҷумла мубини ислом, зӯроварӣ ва кушторро  маҳкум мекунад.

   Дар маҷмӯъ ҳамаи моро лозим меояд,  ки дастаҷамъона ба муқобили ин вабои аср мубориза барем ва нагузорем дасти нопоки он ба кишвари соҳибистиқлоли мо низ дароз шавад.

Шайқул Ҳамроқулов , бознашр аз рӯзномаи  «Ҷумҳурият»  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code