Даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ

       

      Дар пояи парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯлоб   субҳи 2-юми апрел   тантанаи  сафарбаркунии наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда шуд.

    60 нафар наваскарон  баъд аз гузаштани ташхиси тиббӣ бо либосҳои варзишӣ  дар чорабинии идона саф  ороста буданд.

   Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло дар ибтидо ба сухан баромада қайд кард, ки бо Фармони сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 1 апрели соли ҷорӣ  даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

     Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда, мардум дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд.

     Шарафи бузург аст, ки бо ибтикори созанда ва сулҳпарваронаи сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қисмҳои низомӣ бо шароитҳои зарурӣ  муҳайё гардидаанд

      Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз  обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин  мактаб ибтидо меёбад.

     Ҳар як аскарбачае, ки дар дифои сарҳад аст, хуб медонад, ки ҳаёти ватандории ӯ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта  хизмат ба модар- Ватан қарзест, ки аввал дораду охир не. Меҳри Ватан ҳеҷ гоҳ интиҳо надорад, балки то абад меҳри Ватан бо қарзи ватандорӣ дар дили ӯ шуълавар мемонад.

    Хизмат ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад.

     Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми ватан дар зери парчами нангу номус  ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд.

    Боварӣ дорам, ки Шумо қарзи  худро ҳамчун ворисони бонангу номуси гузаштагони худ бо сарбаландӣ иҷро намуда, марзу буми  кишварро бо дилу ҷон ҳифз менамоед ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ  исбот месозед.

     Ба ҳамаи Шумо ҷавонони азиз пеш аз ҳама саломатӣ, сари баланд ва неруи адонашаванда таманно намуда ба падару модарони Шумо  изҳори сипос ва миннатдории худро баён менамоям.

    Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Мирзо Бекматов ба наваскарон роҳи сафед ва неруи адонашаванда таманно намуд.

    Сархатиби масчиди ҷомеъи ба номи Имоми Аъзам Ҳайдар Шарифзода  ба наваскарон дуои нек  дода хизмати модар- ватанро қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард арзёбӣ намуд.

     Намоиши ҳарбии хондагони муассисаи таълимии № № 40 ва 1 –шаҳр   хотирмону  муассир буда  аз тамошои он  ҷавонон дарси матонату мардонагӣ  омӯхтанд.

    Чорабинӣ бо баромади  ҳунармандони  бахши фарҳанги шаҳр ва рақсу бозии наваскарон интиҳо ёфт.

    Наваскарон бо рӯҳи болида ва бо сари баланд барои хизмати Модар- Ватан    раҳсипор гардиданд.                                                                                                                                   Сулаймон Султон              

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code