Муассисаҳои тиббӣ таъмир карда мешаванд

     Тибқи супориши раиси шаҳр дар муассисаҳои  тиббии шаҳру деҳоти Кулоб   корҳои таъмирӣ оғоз гардида,  бо маром рафта истодаанд.

    Аз ҷумла дар ин давра таъмири  қисмати берунаи  бинои Маркази саломатии шаҳрии №1 анҷом ёфта, аз шафати роҳи калон намудор аст.

    Кормандони марказ ҷиҳати тозаву озода  нигоҳ доштани назди бино хеле эҳтироми хуб зоҳир намуда истодаанд, барои шинонидани дарахтони сояафкан, гулҳои баҳорӣ, ва тозаву озода нигоҳ доштани назди бино саҳми хеле хуб гузошта истодааанд.

   Дар муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Кӯлоб корҳои ободонӣ ва сабзу хуррам гардонии гирду атроф оғоз гардида, таъмири косметикии бунгоҳҳои тиббии Маркази саломатии ноҳия рафта истоааст.

    Дар беморхонаҳонаи Марказии ноҳияи Кӯлоб воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ деҳаи Зарқалъа таъмири шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб идома дошта, таъмири шӯъбаи бемориҳои амрози даруна ва  қисмати дуюми бино ошхона ва шӯъбаи бемориҳои кӯдакона бо дастгирии соҳибкорон оғоз гардида аст.

   Дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Кӯлоб тирезаҳои утоқи корӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ иваз карда шуда, таъмири шифт ва иваз намудани чароғҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст.

   Дар маркази байниноҳиявии тибби оилавӣ таъмири қисмати берунии Марказ оғоз гардида, тибқи маълумотҳо то 18 март ба анҷом расонида  мешаванд.

   Тибқи маълумотномаи пешниҳоднамудаи сартабиби беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб дар давоми ҳафта зиёда аз 100 дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуда, ба миқдори 100 метр девор сафед карда шудаанд.

   Дар Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Кӯлоб дар давоми ҳафта 2- адад чароғакҳои калони барқӣ ба маблағи  1600 сомонӣ дар саҳни бино насб карда шуд, ки равшаннамоии биноро хуб таъмин менамояд.

   Илова бар ин дар роҳравҳо чароғҳои равшанидиҳанда  насб карда шуданд, ки равшаннамоии роҳравҳоро хуб намуданд. Ҳамзамон таъмири пайроҳаҳо аз ду тараф бо шинонидани сангроҳаҳо (кафел) оғоз гардида, деворҳо барои рангу бор омода карда шуда истодаанд.

   Дар Маркази мубориза зидди бемориҳои тропикии шаҳр таъмири амборхонаҳои Марказ оғоз ёфта, масъулин  тасмим гирифтаанд, ки дар таъмири гузаргоҳҳои Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Кӯлоб саҳмгузорӣ намоянд.

   Маркази ВНМО-и шаҳри Кӯлоб таъмири роҳрави Марказро оғоз намуда, алакай ҷойҳои кандашударо таъмир намуда рангу бори девор ва шифтро ба миқдори 80 метри мураббаъ  ба анҷом расонидааст.

   Маркази мубориза бар  зидди сили шаҳрӣ таъмири як ҳуҷраи корӣ ва роҳрави Марказро оғоз намуда, дар марказ корҳои таъмирӣ идома дорад.

   Тибқи тасмими гирифтаи роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои таъмирию ободонӣ идома дошта, барои ободии муассисаҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд.  

Сулаймон Султон

Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code