Маълумотномаи сайёҳӣ

                                       Мавқеи ҷуғрофӣ                

     Шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад  мебошад. Маркази он шаҳри Кӯлоб буда, он дар канори дарёи Яхсу, дар баландии  640-680метр   аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Кӯлоб дар минтақаи субтропикии хушк  қарор дошта, давродаврашро қаторкӯҳҳо ҳамчун девори азим фаро гирифтаанд.

Ҳарорат

     Шаҳри Кӯлоб ба минтақаи  иқлими континетӣ, хушки  ниҳоят гарм  мансуб буда, зимистонаш начандон хунук, балки  ҳатто  мӯътадил  аст.  Иқлими шаҳр ба  таъсири омилҳои гуногуни экологӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, ҳаракати атмосфера ва радиатсияи офтоб алоқаманд мебошад.  Иқлими давродаври водии Кӯлоб хусусиятҳои хоси худро дорост. Ҳарорати миёнаи солона ба 16,40С баробар аст. Тобистон ҳарорат то 44-460С боло рафта, зимистон баъзан то -210С поён мефарояд, ки ин боиси сард задани баъзе анвои мева ( анор, чормағз,анҷир, ангур) мегардад. Беш аз 70% бориши солона  ба фаслҳои зимистону  баҳор рост меояд.

  Таърих

     Шаҳри Кӯлоб дар ҳамвории моил ба рӯдхонаи Яхсу (Охшуи бостон) ҷойгир аст. Ҳамвориӣ  дар доманаи  кӯҳи  Имомаскарӣ, дар баландии 350м аз с.б. воқеъ гаштааст. Нахустин бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ дар мавзъи имрӯзаи шаҳри  Кӯлоб 6 ҳаз. сол  қабл  дар давраи неолит   ( охирин марҳалаи асри санг ) пайдо шудаанд. Яке аз чунин бошишгоҳҳоро бори нахустин соли 2002 бостоншиносони тоҷик  дар мавзеъи «Боғи пионерон»-и шаҳри Кӯлоб,(ҳозира Маҷмааи 2700- солагии шаҳр Кӯлоб)  дар паҳлӯи маҳаллаи Чармгарони Поён кашф карданд. Қабатҳои маъданӣ вобаста  ба пастӣ ва баландии сатҳи замини мавзеъ дар чуқурии  1,5 -2,0 м ва 2,8-4,0 м ҷойгир гашта, дар 5 ҳафриёт ошкор карда шудаанд.

 Аҳолӣ

   Мувофиқи  маълумотҳои оморӣ  шумораи аҳоли  шаҳри Кӯлоб 108  ҳаз. нафаро ташкил менамояд.  

Инфрасохтор :

  Меҳмонхонаҳо -1(давлатӣ ) Меҳмонхонаҳои хурд -6 (хусусӣ)       Тарабхона – 5 Ошхона – 3 Осорхонаҳо – 3 Беморхонаҳо – 5 Бунгоҳҳои  тиббӣ – 34 Фурудгоҳ – 1    

    Ҷойҳои  тамошобоби  шаҳри Кӯлоб:

Боғи  Исмоили Сомонӣ Боғи  Ғалаба Боғи  Фарҳангӣ- фароғатии шаҳр    

                                                                   Ҷойҳои  муқаддас:

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мақбараи Хоҷа Исҳоқи Валӣ

  Нуқтаҳои  хизматрасонӣ:

Нуқтаҳои  хуроки  умумӣ  – 15 адад, Истгоҳи нақлёт – 1 адад, нуқтаҳои  пардохти  маблағ – 15 адад, Нуқтаҳои хизматрасонии  бонкӣ – 12 адад, Банкоматҳо  – 15 адад,                                        

Ҳунармандӣ  

Дар шаҳри  Кӯлоб  ба  рушди  ҳунарҳои мардумӣ  таваҷҷуҳи  махсус  зоҳир  менамоянд. Хунармандони дар зер номбаршуда   дар  намоишгоҳҳо  ва  чорабиниҳои  гуногун  иштирок менамоянд.  

  1.  Сафарова Мавҷуда- чакандузӣ, Борбад.
  2. Валиева Басби -Чакандӯз
  3. Ҳасанова Савронбӣ (чакандӯзӣ ва тайёрнамудани матои гулбаст). маҳ.Ҳакимов,
  4. Ҳасанова Шаҳло (чакандӯзӣ  ва кулолгарӣ).
  5. С.Сафаров, Тамано  (ҷуробофӣ). х. И.Сомонӣ,
  6. Азизова Шарафнисо – тароҳ
  7. Шайдуллоева Нисо- тароҳ, маҳаллаи Ориёно
  8. Исмоилова адолат- Чакандӯз, ҷамоати деҳоти Даҳана
  9. Абдураҳимова Одинамо- чакандӯз, ҷамоати деҳоти Зарбдор
  10. Мирзоева Саодат- чакандӯз, ҷамаоати деҳоти Кӯлоб

    Имкониятҳо

    Шаҳри  Кӯлоб  барои  рушди  соҳаи  сайёҳӣ  бо  назардошти  мавҷудияти  ҷойҳои  таърихӣ  ва  манзараҳои  зебо,  махсусан  дар  фасли  баҳор   дар  шаҳри   Кӯлоб  мавзеҳои  зебову  диққатҷалб  кунанда  мавҷуд  мебошад  ва  он боиси  ҷалби  сайёҳони  хориҷӣ  ба  ин  минтақа  мегардад. Дар  ҳудуди  шаҳр 5  адад  меҳмонхона,  аз  ҷумла, меҳмонхонаи  “Тоҳир”,  “ И.Сомонӣ” ,  “Шабҷароғ”,  “Роҳи Абрешим” ,  “Шоми Кӯлоб”,  воқеъ гардиданд. Вобаста  ба  имкониятҳои  сайёҳӣ  қайд  кардан  ба  маврид  аст,  ки  дар  шаҳр  3 адад  осорхона, 4 ҳавз, 5 адад мавзеҳои  таърихиву  фарҳангӣ мавқеъ мебошанд.  

 Китобхона

 Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнй соли 1932 ҳамчун китобхонаи шаҳрӣ дар заминаи китобхонаи Артиши Сурхи Шӯравӣ бо теъдоди 12-ҳазор нусха китоб бо забони русӣ таъсис ёфта буд. Баъди аз нав ташкил ёфтани собиқ вилояти Кӯлоб соли 1974 ин муассисаи фарҳангӣ унвони китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айниро мегирад, ки захираи китобии он мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамон давра наздики 50-ҳазор китобро ташкил медод. Ҳоло бошад захираи китобии китобхона 75979-нусха китоби бадеӣ, илмӣ, оммавӣ- сиёсиро ба забонҳои тоҷикӣ-русӣ, англисӣ, олмонӣ, форсӣ ва узбекӣ ташкил медиҳад.

Бахшида ба ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президента мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 китобхона ба бинои наву барҳаво, ки бо таҳрезии Барномаи сохтмонии Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ аз тарафи ширкати «Кӯлобсоз» бо маблағи 1700000 сомонӣ ба таври замонавӣ бунёд шудаву дар маркази шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ-36 воқеъ гардидааст. Шумораи кормандон 32-нафар аз ин 21-нафар китобдорон мебошанд.

Руйхати меҳмонхонаҳое, ки дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамоянд.

Номи меҳмонхона Суроға (кӯча, маҳалла) Почтаи электронӣ Телефон ва факс Шумораи ҳуҷраҳо (оддӣ, олӣ ва миёна) Шумораи катҳо Нархнома  
оддӣ миёна   олӣ   оддӣ миёна олӣ
1. “Хатлон” Х.Исмоили Сомонӣ,№6 918622570 30 3 2 100 50 100 150
2. “Чинор” Х.Исмоили Сомонӣ№28/1 550950369 30 10 15 55 80 100 150
3. “Кӯлоб” Кучаи Х. Назаров №7 918012799 20 10 10 35 50 75 100
4. “Кӯлоб Помир” Кучаи 1- Май 987494444 5 6 9 16 100 150 220
5. “Роҳи Абрешим” Маҳ. Борбад 918616757 6 4 2 22 100 200 300
6. “Доро” Маҳ. Дустӣ   5 4 100 200
7. “Бобоҷон” Маҳ Борбад 988600202 20 8 15 100 150 220

   

Руйхати тарабхонаҳое, ки дар шаҳри Кӯлоб фаъолият менамоянд.

Номи тарабхона Суроға (кӯча, маҳалла) Роҳбари Тарабхона Телефон Шахси мутасадӣ Телефон
1. Тарабхонаи «Тоҳир» Н. Кӯлоб,ҷ/д Зарбдор, кӯч.В.Шамсов Ҳасанов Озодӣ 931757575 Ороми Озодӣ 902626202
2. Ошхонаи «Ҷомӣ» Хиёбон.  Сомонӣ Исоқов Неъматулло 905996969 Исоқов Изатулло 905996969
3. Ошхонаи «Мир Сайид Али Ҳамадонӣ хиёбони Сомонӣ Сангов Алиҷон 988808080 Хушназаров С 985764142
4. Чойхонаи «Исфара» х.  Сомонӣ Одинаев Амирҷон 985097777 Ҳусейнова Мадина 937115405
5. Тарабхонаи «Шабчароғ» х. Сомонӣ Назаров Ҳабиб 918822727 Назаров Ҳабиб 918822727
6. Қаҳвахонаи «Румайсо» х. Сомонӣ Бобоев Ҷ 558051515 Бобоев Ҷ 558051515
7. Чойхонаи «Истаравшан» х. Сомонӣ Носиров Шерхон 918621434 Носиров Ғиёсиддин 918637338
8. Тарабхонаи«Сомонӣ» Алиев Ҷумахон        
9. Тарабхонаи«Шоми Кӯлоб » Маҳ. Кӯҳдоман Ҳакимзода Лоиқ 935550845 Ҳакимзода Лоиқ 935550845
10. Ошхонаи «Муҳаммадҷон» кӯч. С.Сафаров Шодиҷони Кароматулло 988040497 Ҳофизи Кароматулло 988040493
11. Тарабхонаи «Роҳи Абрешем» Маҳ, Борбад Муродова Ф 918616757 Муродова Ф 918616757

  Саволнома оид ба омӯзиши инфросохтори сайёҳӣ ва имкониятҳои маҷудаи рушди соҳа

Номгӯи Шумора
1. Ширкатҳои сайёҳӣ 1
2. Шумораи донишҷӯёни соҳаи сайёҳӣ 220
3. Шумораи сайёҳонӣ дохилӣ ва хориҷӣ 1672
4. Меҳмонхонаҳо 7
5. Тарабхонаҳо 11
6. Осоишгоҳҳо, санаторияву, курортҳо 11
7. Минтақаҳои моҳигирӣ 12
8. Мавзеъҳои таърихию фарҳнгӣ 25
9. Мавзеъҳои зиёратӣ 2
10. Боғу гулгаштҳо 8
11. Ҳавзҳо 4
12. Нуқтаҳои хӯроки умумӣ 15
13. Дуконҳои молу маҳсулоти сайёҳӣ 1
14. Фурудгоҳи минтақавӣ 1
15. Истгоҳҳои нақлиёт ва дучарха 1
16. Марказҳои интернетӣ 10
17. Автоматҳои пардохти маблағ 30
18. Нуқтаҳои хизматрасониҳои бонкӣ 12
19. Бонкоматҳо 40
20. Дармонгоҳҳо 5
21. Бунгоҳҳои тиббӣ 34

1.  Дарвозаи шаҳри Кӯлоб

2.  Бозори марказӣ

3.  Маҷмааи 2700  солагии Кӯлоб

4. Муҷтамаи осорхонаҳои Кӯлоб

5. Театри мусиқӣ-мазҳақаи  Сайдалӣ Вализода

6.Қасри фарҳанги шаҳри  Кӯлоб

7.  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

8. Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

9. Боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб

10. Боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб

11. Амфитеатри шаҳри  Кӯлоб

12. Боғи Исмоили  Сомонӣ

13. Боғи ботаникии шаҳри  Кӯлоб

14. Қалъаи куҳнаи Кӯлоб

15. Мақбараи Хоҷа-Исҳоқи Валӣ

Дилором Файзова 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code