Иҷлосия баргузор шуд

              Имрӯз иҷлосияи 13-уми даъвати панҷуми вакилони халқи шаҳри Кӯлоб бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно ва вакилони халқи шаҳри Кӯлоб доир гардид.

     Меҳмонон ва вакилон  пеш аз оғози иҷлосия  аз намоишгоҳи ҳунармандони  мардуми шаҳру деҳоти  Кӯлоб, бахусус занони чирадаст, ки дар саҳни толори  маҷлисгоҳ  барпо шуда буд,  дидан намуданд.

     Дар иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб,  муовинони раиси шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, эмомхатибони масҷидҳо,  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва  тандурустӣ иштирок доштанд.

     Дар иҷлосия  ахбороти раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаҳои интихоботии №№20, 27 ба ҷойи вакилони хориҷшуда ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб шунида шуд.

     Сипас муовини раиси шаҳр Кенчамоҳ Маҷидова оид ба чораҳои амалишуда ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  маъруза намуд.  

     Аз ҷониби вакилони маҷлиси намояндагони халқи шаҳр Низомномаи комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардид.                                                                              

Сулаймон Султон          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code