Идомаи тантанаҳои Наврӯзӣ

       

      Имрӯзҳо тантанаҳои Наврӯзӣ дар боғи фароғатии шаҳр, Муҷтамаи 2700 солагии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб идома доранд.

    Рӯзҳои 22 март дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдору Кӯлоб  Наврӯзи хуҷастапай бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи ҳунарии ҳунармандон, туйи хатнасури 15 нафар кудакон аз оилаҳои ниёзманд, шодиву хурсандии сокинон ва пухтупази хурокҳои миллӣ, аз қабили  оши буридаву далда, суманаку   оши палав таҷлил карда шуд.

    Санаи 23-юми март чорабиниҳои муҳташами Наврӯзӣ дар ҷамоатҳои  Даҳанаву  Зиракӣ ҷараён ёфт.

    Раиси шаҳр, муҳтарам Хайрулло Амонулло, гурӯҳи меҳмонон, адибон ва шахсони баруманди шаҳру деҳоти Кӯлобро раиси кооперативи истеҳсолии Ҳамадонӣ Абдуҷаббор Зардиев ва раиси ҷамоати Зиракӣ  Ҳусниддин Зардиев дар назди Толори варзишии соҳибкор Зиҳиров Шодӣ  истиқбол гирифта аз шароитҳои маҷмааи навтаъсиси соҳибкор ошноӣ пайдо намуданд. Толори варзишӣ дар арафаи наврӯзи хуҷастапай бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои шароитҳои муосири машқи мушакҳо ва машқи гуштини миллӣ бунёд гардидааст.

    Дар толори варзишӣ мусафедон ва ҷавонони паҳлавон бо ҳам қувваозмоӣ намуда аз тарафи раиси шаҳр бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

   Идомаи чорабинии наврӯзӣ дар деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҷараён ёфт. Дар саҳни ҳавлии хонаи фарҳанги деҳа, ки имсол тариқи ҳашари дастаҷамона таъмир гардида ба хизмати мардум супорида шуд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Сокинони ҷамоат дар фазои сулҳу суботи комил рақсу бозӣ менамуданд.

   Дар идомаи чорабинӣ парда аз болои нимпайкараи Ҳаким Бобоев дар назди хонаи фарҳанг бардошта шуд.

   Сипас раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло, роҳбари кооперативи истеҳсолии Ҳамадонӣ Зардиев Абдуҷаббор, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бекматов   ва шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб сокинонро бо фарорасии наврӯзи дилафрӯз табрик намуда, аз хизматҳои Ҳаким Бобоев ёд намуд.

    Чорабинӣ бо барномаи  ҳунарии бошукуҳ анҷом ёфт.Шодию фараҳи 10 нафар кудакон аз оилаҳои камбизоат ҳадду канор надошт. Мусобиқаи  гуштини миллӣ дар деҳаи Офтоблиқо то бегоҳ идома ёфт.

     Ҳамин тавр чорабинии Наврӯзӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳана бо шукуҳу шаҳомат оғоз гардида мусобиқаҳои варзишии футбол ва гуштин маҳз дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даҳана сурат гирифтанд.

Ҳамзамон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, пухтупази хӯрокҳои миллӣ,  хатнасури 15 нафар кудакон  ба барномаи ҳунарии бошукуҳ зиннат мебахшид.

   Рӯзи 24 март чорабинии идонаи наврузӣ дар толори қасри фарҳанги ҷамоати Даҳана   бо иштироки ҳунармандони вазидаи ҷумҳурӣ идома ёфт .

  Сулаймон Султон

Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code