Тантанаҳои наврӯзи дар шаҳри Кӯлоб

       

       Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб аз субҳи барвақт оғоз шуда, муждарасони наврӯз савори фойтун мардумро аз омад-омади фасли баҳор ва оғози чорабинии умумишаҳрӣ хабар расонида ба онҳо гулдастаҳо тақдим намуд.  Садои курнай ва сурнай дар кучаву растаҳои Кӯлобшаҳри бостонӣ ғулғулаафканӣ намуда, аз фазои орому осоишта ва ваҳдати сартосарӣ башорат медод.

   Кӯчаҳои шаҳри Кӯлобро гулдухтарони чаканпуш ва кудакони  гулдаст зиннат бахшида, бо хушнудию фарҳболӣ ба макони асосии чорабинӣ равона мегардидаанд.

Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли ҳунарҳои мардумӣ  дастоварду лоиҳаҳои иноватсионӣ ва таомҳои хоси миллӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Кӯлоб диққатҷалбкунанда буд.

   Ба намоиш гузоштани ҳунарҳои чакандузиву зардузӣ резгидузиву чубкорӣ, дуредгариву созтарошӣ, сабадбофию нонпазӣ, кулолгарӣ, ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафтмим, ба маърази тамошо гузоштани маросимҳои халқии ашагулону гулгардонӣ, саршуёну сартарошон бо тамоми рукнҳояшон, бозиҳои халқии панҷакбозию қуличабозӣ, почовазиру тутикал, мусобиқаҳои варзишии мардумии гуштин, бандкашӣ, вазнбардорӣ  ва дигар ришатҳои варзиш  хеле ҷолиб ва диданӣ буданд.

    Намоишгоҳи имсолаи мардуми Кӯлоб  саросар ҳунар ва ҳунармандӣ буд.

    Боздиди иштирокчиёни намоишгоҳ аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар дастоварду анъанаҳои хоси Наврӯзӣ бори  дигар аз таърихӣ Наврӯз, ки мувофиқи сарчашмаҳои  бостонӣ таърихӣ беш аз 5 ҳазорсоларо доро мебошад бархурдор гардиданд.

    Анбуҳи зиёди мардум дар Наврӯзгоҳи Кӯлоб садоқати мардумро ба асолати гузаштагон бори дигар пайваст намуда, гувоҳи он аст, ки воқеан ҳам Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон буда он бо ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро касб карда, имрӯз таҷлили он дар аксар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бо руҳияи баланду ифтихормандӣ таҷлил карда мешавад.

    Дар қисмати тантанавии чорабинӣ иштирокчиёнро роҳбарияти мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни ниёгон табрику таҳният гуфта, аз таърихи Наврӯз  ёдовар гардид.

    Ҳангоми баромад намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мардуми ба ҳам омадаро табрику таҳният гуфта, аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббуси навбатии Пешвои миллат даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми мардумро ба маврид арзёбӣ намуданд.

    Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо идома аз ин иқдоми наку ва  ҷалби соҳибкорони хайрхоҳу ватандӯст 5 ҷуфт тӯйи домодию арӯсӣ ва хатнасури 50-нафар кӯдакони оилаҳои ниёзмандро дар доираи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуданд. Дар баробари оростани хони идонаи Наврӯзӣ ба навхонадорон ҷиҳози рӯзгор ва ба шоҳбачаҳои хуштолеъ либос ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

     Иқдоми навбатӣ, ки яке аз оинҳои неки Наврӯзист боиси рӯҳбаландӣ ва хушҳолии  ҷавонон ва кудакону волидайни соҳибҷашнҳо гардид.

     Намоиши театркунонидашуда ва барномаи консертии аҳли ҳунари шаҳри Кӯлоб ва ҳунарпешаи варзида Сурайёбону Қосимова то дер боз идома ёфта, таронаю рақсҳои мафтункунада таранумгари Наврӯзи ҷавонӣ буд, ки мардум дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб дар фазои орому осоиштаи меҳани азиз хурсандӣ намуданд.

      Сайру гашти оммавӣ дар шаҳри Кӯлоб бо хушҳолии кудакону душизаҳо ва ҷавонон дар нуқтаҳои фароғатӣ то бегоҳ идома ёфт.Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои баъдӣ, яъне рӯзҳои 22-юм, 23-юм, 24-ум ва 25-уми март дар боғи фарҳангии шаҳр, Муҷтамаи 2700- солагии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот идома хоҳад ёфт.  

                                       Сулаймон Султон                       

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code