Тантанаи Наврӯзӣ дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб

     Наврӯзи хуҷастапай, санаи 20-уми марти соли равон дар дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб бо шукуҳу шаҳомати  беандоза доир карда шуд.

   Чорабинии Наврӯзии Донишгоҳ аз намоишгоҳи муҳташами факултаҳои Донишгоҳ ва садои карнаю сурнай оғоз гардида ректори Донишгоҳ омӯзгорону шогирдонро бо  фарорасии ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта,  як зумра омӯзгорону донишҷуёнро бахшида ба   иди байналмилалии Наврӯз бо ифтихорномаҳои Донишгоҳ сарфароз намуд.

    Барномаи мукаммали  фарҳангӣ  бо иштироки ҳунармандони варзида  ба чорабинӣ шукуҳу таровати тоза бахшид.  

Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code