Базми Наврӯзӣ дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону»

    

      Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри мо бо шукӯҳу шаҳомат ва бо тантана  таҷлил мегардад, сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳимми сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад.

     Бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд.       

     Санаи 20-уми марти соли равон  базми наврузии  ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», ки   кудакони имконияташон маҳдудро фаро гирифтааст, бо шукуҳи  хоса доир гардид.         

     Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» солҳои тулонист, ки кудакони маъюбро ба табобат ва тарбия фаро гирифтааст.  Ин ташкилот  дар шаҳри Кӯлоб ягона марказе мебошад, ки  чунин кудаконро аз тамоми  шаҳру деҳот ҷамъ оварда , ҳамчун маркази будубоши  бачагона таълиму тарбия ва табобат менамояд.       

    Дар чорабинии идона   муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод ва мудири бахши  ҳифзи иҷтимоӣ Асоев М роҳбарият ва  кудакони ташкилотро бахшида ба иди нврӯз табрику муборакбод гуф танд.                                                                                         

     Сулаймон Султон          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code