Баромади Раиси шаҳр, Узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Амонулло бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, 21.03.2018

Ҳамватанони гиромӣ !

Бо самимияти бепоён ва як ҷаҳон умеду ормонҳои нек Шуморо бо фарорасии иди байналмилалии  Наврӯз- бузургтарин ҷашни аҷдодӣ,  табрику муборакбод намуда, ба рӯзгоратон файзу баракати наврузӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

    Дар таърихи фарханги мардуми тоҷик  ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, мехру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

   Ҷашни Наврӯз аз кадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони форсу тоҷик ба шумор меравад        Чуноне, ки шоир мегуяд:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.  

       Наврӯз умри  беш аз панҷҳазорсола дошта,тавре ки аз номи он бармеояд, «Рӯзи нав» маънидод  шуда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дакикаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав меояд.

    Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмахои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотхои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандон дар асоси онхо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои пураҳамиятро дар «Шохнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, ва чанде дигар сарчашмаҳо метавон пайдо кард, ки ҳама  Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд.

    Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» рочеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшохон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд»

   Таҷлили ҷашни Навруз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмахои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.

    Дар тули садсолахо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо рӯ ба рӯ, шудааст ва мардуми тоҷик дар ҳама давру замонхои душвори пур аз чангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.

     Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид менамояд : “Ниёгони мо – Каёниён, Ашкониён, Кушониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён Наврӯзро на танҳо бо тантана ҷашн мегирифтанд, балки ба он тадриҷан арзишҳои нав ворид мекарданд”.

        Таҷлили саросарии Наврӯз дар даврони Сомониён боз ҳам густариши бештар пайдо кард. Дар он замон ва дар аҳди мо низ мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ мебинанд, хонаҳоро рубучин карда нигоҳ медоранд ва оро медиҳанд. Бисту панҷ рӯз пеш гандум хобонида ҳолати кишти деҳқонро аз сабзаи суманак пешбинӣ мекарданд. Ба истиқболи ин ҷашни бузург таомҳо, шириниву ҳалвоҳои гуногун мепухтанд ва хонҳои наврӯзии худро бо ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафт мим оро медоданд,  

      Яке аз ғизоҳои дар ҳафт син омодашаванда суманак мебошад. Суманак нишони тамаддуни зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқиминишинӣ, ба даст овардани маҳсулоти хӯшагӣ ва аломати қудрату нерумандист. Ҳамон тавре, ки шир беҳтарини  моеъ, биринҷ – ашрафи донаҳо шинохта шуда, ширбиринҷ хӯроки муқаддас ба шумор меравад, гандум аз беҳтарин  зироатҳои хӯшадор  маҳсуб мешавад.

     Бузургтарин шоистагиҳои Наврӯз дар он аст, ки ҳама ҷоро поку равшан месозанд, аз дилҳои ранҷида кудуратҳоро мебароваранд, падару модарон барои арӯсии фарзандони худ ба хостгорӣ мераванд, ба камбизоатону беморон назр медиҳанд,  хонаҳоро ороста, хушбӯйиҳо мепошанд, хони ҳафтсину ҳафтмими наврӯзӣ мегустуранд.

      Аз аҳди бостон то инҷониб Наврӯз оине буд, ки ҷанбаи ахлоқиву маънавиро доро буда, бахшидани якдигар, баровардани ҳоҷати ниёзмандон, таҳнияту шодбош гуфтани якдигар аз русуми неки ин ҷашн махсуб меёбанд. Он баёнгари хислату маниши миллати тоҷик, яъне деҳқониву боғкорӣ, гулпарастиву чаманороӣ, обёриву ободсозӣ мебошад.

       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста дар пайи тарбияи худнигарӣ ва худогоҳии ҷавонон аст ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан ба бозёфтҳои археологӣ ва дар ин замина бузургдошти санаҳои таърихии шаҳрҳои бостонии тоҷикон, арҷгузорӣ ва гиромидошти оинҳои ниёкон ишора ба омӯзиши саргузашти миллати тоҷик дорад, ки тамаддуновару хирадгаро буда, дар бофарҳанг сохтани башар нақши равшану шоиста гузоштааст.

     Бо дастгирии    Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар ҷаласаи 64-уми Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчуби “тамаддуни ҷаҳонӣ” моҳи феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт.

     Пуштибонии ихлосмандона аз ҳуввияти миллии тоҷикон, забони тоҷикӣ, нигаҳбонии номусу ғурури миллӣ, талошу кӯшиш барои ба даст овардани истиқлолияти пурраву мукаммали иқтисодӣ, гиромидошти ойину суннатҳои миллӣ, бузургдошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва монанди он арзишҳои сарнавиштсоз аст, ки пайваста дар пеши назари Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда ҳунармандон аз супоридани андоз озод карда шуданд.

     Ин ташаббуси   наҷибона боис гардид, ки мардуми фарҳангсолори Кӯлобшаҳри бостонӣ ҳунарҳои қадимаи аҷдодиро аз нав эҳё намоянд.

       Шаҳри Кӯлоб аз қадимулайём муаррифгари урфу одат ва анъаноти неки мардуми тоҷик ба оламиён буд. Маъхазҳои таърихӣ гувоҳанд, ки дар ин шаҳри қадима ҳунармандони асил умр ба сар бурда, маданияти шаҳрдорӣ ва ҳунарҳои зиёди мардумиро ба имрӯзиён ба мерос гузоштаанд. Номи маҳаллаҳои қадимаи шаҳр Чармгарон ва  Нонбой, шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

      Ҳунармандон мардуми шаҳрро бо маҳсулоти омодакардаи хеш таъмин мекарданд.  Кӯлобшаҳр, ки таърихи беш аз 2700 сола дорад дар тӯли қарнҳо макони маданият ва фарҳанги воло, диёри афроди саршинос ва шинохтаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кӯлобро махзани таърих ва маданияти пурғановати миллати тоҷик ном бурдаанд, ки ҳақ асту рост. Ҳунарҳои қадима дар Кӯлоби имрӯза аз ҷониби ворисони гузаштагони ҳунарманди закӣ  идома ёфта, ба шаклҳои нав  пешкаши мардум карда мешавад. Бахусус   Кӯлобро ватани аслии чакан ном мебаранд. Чакандӯзони кӯлобӣ шуҳрати ин ҳунари мардумиро ба тамоми олам паҳн карда, чаканро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои миллат муаррифӣ кардаанд.

    Омилҳои асосии рушди шаҳри Кӯлоб дар оянда тараққиёти соҳаи саноату кишоварзӣ ва  фарҳангу сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Ин боварӣ дар баромади Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додаанд ва мардуми Кӯлоб дар ҳамаи ин пешравиҳо дастгириҳои Пешвои миллатро  баръало эҳсос карда, бо рӯҳияи қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ ба сӯи фардои дурахшон қадам мениҳанд.

     Хушбахтона бояд зикр кунем, ки қадами мубораки Наврӯзи оламафрӯз ба хубӣ эҳсос шуда истодааст. Мардуми сарбаланди Кӯлоб дар ҳама соҳаҳои кор барои  беҳбудию пешрафти диёр саҳми арзанда мегузоранд.

     Ҳозирини гиромӣ , чуноне,ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бармеояд, бояд ҳамагон камари ҳимматро мустаҳкам баста, барои ободии диёри худ ҳар як дақикаро самаранок истифода барем. Коргоҳҳоямонро обод гардонем, барои фардо донаи умед корем, хонаву дари худро таъмир намоем, ниҳол шинонем, кучаву маҳаллаҳои худро назаррабо кунем.

     Тибқи талаботҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, кумаку дастгирии соҳибкорон  кори хайри дастгирии ятимону оилаҳои камбизоатро идома дода, имрӯз тӯи хонадоршавии 5 ҷуфт навҷавонони ниёзманд ва хатнасури   50  нафар кудакро аз табақаи ниёзманди  аҳолӣ баргузор карда истодаем. Вале ин адад ниҳоӣ набуда дар доираи тантанаҳои наврузӣ боз дар ҳудуди шаҳру деҳот идома мекунад. Аз фурсати муносиб истифода намуда ба ҳамаи онҳое,ки дар ин ҷода ёрии беғаразонаи худро дареғ надоштаанд, аз номи худ ва аз номи мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоб миннатдории бепоён изҳор менамоям.

     Ҳамаи мо медонем, ки нангу номуси марду зани Кӯлоб ҳадду канор надорад. Онҳо ҳар кореро,ки бо нангу нонус ибтидо мебахшанд, боз бо ҳамин гуна ба нангу номус ба интиҳо мерасонанд, яъне мо боз мо шоҳиди корҳои бузурге мегардем ва мардуми шарафманди Кӯлоб дар атрофи ғояҳои Пешвои миллат боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, шаъну шарафи хешро ба оламиён нишон медиҳанд.

     Ҳозирини арҷманд !

     Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таври ҳамешагӣ ба иродаи матин, саъю кушиш ва иқдоми ташаббускоронаи мардуми Кӯлоб такя карда, баҳри гулгулшукуфии ватани азизи худ ҷаҳду талош меварзанд ва бо боварӣ изҳор менамоям, ки   тамоми амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва раиси вилоят сарбаландона иҷро мегарданд.

     Ҷашни ҷаҳонии мо- Наврӯзи оламафрӯз  бигузор поянда бошад! Наврузи деҳқонӣ бигузор чун ҳамасола Наврӯзи саодату хушбахтӣ ва фаровонӣ бошад. Бигузор ваҳдат ҷовидонӣ бошад ва дар ҳаёт ҳамеша сулҳу салоҳ пирузӣ орад. Бигузор  марду зан ва пиру барно хушбахту сарбаланд бошанд.

     Бигузор рӯзгори Шумо ҳамчун ин баҳори дилафрӯз шукуфону тарабрез  гардад. Орзу дорам, ки ин баҳору садҳо баҳори дигар , Наврӯзи сулҳу дустӣ, пойдории ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва шукуфоии диёрамон гардаду Тоҷикистони азизамон боз ҳам шукуфонтар шавад.

     Ба диққататон ташаккур!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code