Мусобиқаҳои Наврӯзи

   

    Бахшида ба ҷашини байналмилалии Наврӯз  ва дар асоси Фармоиши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2018, №6.2/1-112 «Дар бораи баргузории Дави Наврӯзӣ», санаи 17-марти соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб, “Машқҳои пагоҳирӯзӣ”, “Дави Наврӯзӣ” ва “Марафони велосипедронӣ”-ро бо иштироки оммаи васеи аҳолӣ баргӯзор гарид. 

   Бояд қайд намуд, ки  машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз соати 6:00 то 7:00 аз ҷониби ҷавонон, варзишгарон ва дигар ташкилоту корхонаҳои шаҳр гузаронида шуд. Аз ҷумла, Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб бо теъдоди 500 нафар дар Варзишгоҳи марказӣ, Шуъбаи маориф бо теъдоди 250 нафар наврасону ҷавонон дар Муҷтамаи 2700–ии шаҳри Кӯлоб, донишҷӯёни муассисаҳои оливу касбии шаҳр бо теъдоди 680 ва ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Даҳана, Зиракӣ ва Кӯлоб, бо теъдоди 683 нафар  машқҳои пагоҳирӯзиро дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб доир намуданд.  

   Дави Наврӯзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, аз соати 7:00 то 8:00 бо иштироки наврасону ҷавонон, ташкилоту корхонаҳо ва оммаи  васеи аҳолӣ гузаронида шуд.

   Дави Наврӯзӣ тибқи хатсайри муайянгардида, аз назди бинои Коллеҷи омӯзгорӣ оғоз ёфта, дар назди бинои Амонатбонки шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонида шуд.

   Дар  ин чорабинӣ зиёда аз 2415 нафар наврасону ҷавонон, ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандони шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок намуданд.

   Марафони велосипедронӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз соати 8:00 то 9:00 бо иштироки наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони шаҳр гузаронида шуд.

    Марафони велосипедронӣ тибқи хатсайри муайянгардида, аз назди бинои Коллеҷи омӯзгорӣ оғоз ёфта, дар назди бинои Амонатбонки шаҳри Кӯлоб ба анҷом расонида шуд.

   Дар ин чорабинӣ, беш аз 68 нафар наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

   Мақсад аз баргузории чунин чорабинҳо, ин оммавигардони рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон мебошад. 

   Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code