Ҳамкориҳо густариш меёбанд

    Муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати фаъолияти ҳамарӯза  ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ талош варзида истодаанд.

    Аз ҷумла дар давоми соли 2017 ва 3- моҳи соли 2018 бо ташкилотҳои байналмилалии Хазинаи глобалии «Лоиҳаи ХОУП», «ЮНИСЕФ»,Ташкилоти Умумиҷаҳонии Танурустӣ (ТУТ), «Алянс»-и глобалии ваксина бо иммунизатсия, Ҷайкаи Ҳукумати Ҷопон ва ташкилоти байналмилалии «Табибон бидуни марз» ва дигарон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар ин давра як қатор таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ, доруворӣ ва маводҳои конселярӣ дастрас гардидаанд.

    Дар давоми соли 2017 доир ба иҷрои нақшаи миллии стратегӣ онд ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва муассисаҳои КАТС аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Лоиҳаи ХОУП- хазинаи нигоҳдории тандурустии Инсон ба Инсон» маводҳои доругии зиддисилӣ ба 247 бемор ва дар 3- моҳи соли 2018 ба 48 бемор доруҳои зиддисилӣ ройгон дода мешавад, ки маблағашон маълум нест.

    Инчунин аз соли 2016 то моҳи январи соли 2018 аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Лоиҳаи ХОУП- хазинаи нигоҳдории танурустии Инсон ба Инсон» кумапулии моддии  башарустона ба маблағи зиёда аз 630 ҳазор сомонӣ дода шудааст. Ҳамаи бемороне, ки дар соли 2017 ва 3- моҳи соли 2018 ба қайд гирифта шудаанд дар тамоми давраи табобат акси ренгении ройгон карда мешавад. Дар 3- моҳи аввали  соли 2018 аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Лоиҳаи ХОУП- хазинаи нигоҳдории танурустии Инсон ба Инсон » дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази зидди бемориҳои сил дастгоҳи сабти барқи дил (Contec  600 e), дастгоҳи ауиометр (Amplivox 116)   ва дастгоҳи чопкунанда (принтер) ба маблағи 30768 сомонӣ ёрии башардустона ворид гардонидааст. Дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО- шаҳри Кӯлоб дар соли 2017 ва 2- моҳи соли 2018 аз тарафи ташкилоти байналмилалии Хазинаи глобалӣ ба миқдори 278311 сомонӣ дорувори зидди ретровирусӣ ба мабғли 33714 сомонӣ,  қутиҳои гигиенӣ ва ба маблағи 20000 сомонӣ либоси гарми зимистона ба кудакони сироятёфта дастрас карда шуд.

     Илова бар ин бо дастгрии ташкилоти байналмилалии «Табибон бидуни марз» ба маблағи 5832 сомонӣ озмоишгоҳи Марказ таъмир гардида, ба маблағи 10 ҳазору  26 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ, ба маблағӣ 104112 сомонӣ,  ғизои сунъӣ барои кӯдакони аз занҳои сироятёфта таввалушуда ва ба маблағи 2650 сомонӣ мизу курсиҳо дастрас карда шудаанд.

    Бояд қайд кард, ки дар ин давра бо дастгирии ташкилоти мазкур 30 нафар кӯдакони сироятёфта бо лагери истироҳатӣ фаро гирифта шудаанд, ки маблаги он 15000 сомониро ташкил дода, ба маблагӣ 32500 сомонӣ либосҳои зимистона тақдим карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ташкилоти мазкур 13250 дона тестҳои оҷилӣ барои муайян намудани ВНМО дастрас карда шуд.

  Дар Маркази иммунопроифлактикаи шаҳр бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии ТУТ, Ялянси глобалии ваксина ва Ҷайкаи Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷопон  дар доираи барномаи миллии иммуннопрофилактика эмдоруҳо бар зидди бемориҳои гулузиндонак, сил, зардча, кузоз, фалаҷ, бемории гемофилияи «В» дар маҷӯи 92370 воя, 140300 дона сузандорӯ, 6160 нуқтаҳои безарар, 2000 дона шиносномаи таввалуди кӯдак, 18300 дона шакли 063, дафтари назорати ваксинаҳо 45 дона, ҷузвдонҳои сайёр 4 дона дастрас карда шудаанд.

  Инчунин  дар давоми соли 2017 аз тарафи ташкилоти номбурда дар рӯзҳои миллии  иммунизатсия ба маблағи зиёда аз 8000 сомонӣ маводҳои таблиғотӣ тақсим намуда, баъди бо мувафақият аҷом додани рӯзҳои миллии  иммунизатсия музди иловагӣ барои бригадаҳо ва ваксинаторҳо дода шуд.

  Дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ дар соли 2017 аз тарафи ташкилоти байналмилалии «Табибон бидуни марз» партовгоҳҳои тиббӣ ба маблағӣ 204000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code