Лабханди ҷавонӣ

     

      Дар аксари ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳо бахшида ба  таҷлили  Иди Наврӯз багузор шуда истодааст. 

     Бо ин мақсад, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, санаи 14 марти соли равон миёни ҷавонону донишҷуёни муассисаҳои оливу касбии шаҳри Кӯлоб, намоиши ҳаҷвӣ шоу барномаи “Лабханди ҷавони”- ро бо иштироки маҳфили ҳаҷвнигорони назди Кумита, дар театри  мусиқӣ мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб, баргузор намуданд.

    Дар чорабинии мазкур, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Самандар иштирок намуд.

    Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Бояд тазакур дод, ки  ҷавонон аз ин барномаи ҳаҷвӣ хелло шоду хушҳол гардида, миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин барнома баён намуданд.

    Дар чорабинии мазкур беш аз 320 нафар ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои оливу касбии шаҳри Кӯлоб  иштирок намуданд.

Дилором Файзова 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code