ЭҲЁИ КАСБУ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА РУШДИ САЙЁҲӢ МУАРРИФКУНАНДАИ АСОСИИ СИМОИ МАМЛАКАТ

      Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.

    Зимни Паём Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳоии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Мақсади равонашуда ин барои рушд додани ҳунарҳои халқӣ, дарёфти ҳунармандони болаёқат ва таваҷҷуҳи сайёҳонро ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ҷалб кардан мебошад.

    Туризм яке аз соҳаҳои сердаромад шумурда шуда, барои таъмин намудани ҷойҳои нави корӣ, пешрафти иқтисодиёди миллӣ ва мустаҳкам кардани робитаи дустӣ бо дигар хақияту миллатҳои гуногун таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

    Дар баробари рушди туризм аҳолиро зарур аст, ки истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона бо сифат хуб ба роҳ монанд ва дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд, ки ин яке аз василаҳои муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад.

  Дар росто агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон савдои армуғонҳои миллиро, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардўзӣ, зардеворӣ, сўзанӣ, кашидадўзӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин, дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ, буклету албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунақаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, нишонҳо, бастаҳои ғўлинг, донак, мавиз, бодом, печаку набот ва ғайраро бо рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он ба роҳ монем, боиси он хоҳад гардид, ки ҳам ба мардум даромад мешаваду ҳам ба буҷети ҷумҳурӣ.

    Яке аз дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсузу ғамхор ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод дастур доданд, ки аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

   Боиси ифтихор тамоми мо тоҷикон аст, ки Тоҷикистон дар раддабандии ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

   Дар робита ба ин нишодҳои тарғиботии Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати боз ҳам рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб намоянд

   Маврид ба зикр аст, ки  бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

   Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар Паёми имсолаи Сарвали давлат пешниҳод шуд, иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва ҷалби васеи сайёҳон дар ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид.

   Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои худшиносии миллӣ,  фарҳанги миллӣ,  рисолати давлатдорӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ,  эҳёи суннатҳои таърихӣ,  фарҳанги қадимаи ниёгон,  санъати амалии халқӣ, кашидадузӣ, чакандузӣ, меъморӣ, кулолгарӣ хусусан санъати заргарӣ эҳё гардида, ривоҷ ёфта истодааст.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид  ба  зарурати омӯзиши мероси таърихии халқи тоҷик чунин ибрози ақида намудааст: «Яке  аз  сарчашмаҳои худшиносии миллӣ,  ки решаҳои шукуфони маънавию фарҳангии халқиморо шодоб мегардонад,  ин  мероси таърихӣ бо мафҳуми васеаш ва хотираи таърихӣ мебошад, ки дар  дастовардҳои фарҳангии илмӣ,  дар  хираду заковати давлатдорӣ ва ҳашамату бузургии рӯҳи гузаштагонамон инъикос ёфтааст.  Бетакя ба  ин   гузаштаи пурмазмун мо  дар  ҳеҷ соҳае  ба  пешравӣ ноил гардида  наметавонем».

   Оид ба масъалаи инъикоси касбуҳунар шоири тавонои халқи тоҷик Сайидо дар «Шаҳрошӯб»-и худ диққати ҷиддӣ додааст.

    Тарғиби касбу ҳунар дар адабиёти тоҷик ҳануз аз давраҳои қадимаи авестоӣ ва баъди он аз замони Рӯдакӣ мақоми хосапайдо карда буд.

     Дар  аз  худ намудани касб ва интихоби ҳунарҳои мардумӣ адибони классики тоҷику форс фикрҳои ҷолиб баён карда буданд.

     Ҳусайн Воизи Кошифи  дар  китоби  худ  «Футувватномаи Султонӣ»  овардааст, ки ба интихоби касбу ҳунар бо камолоти ҷиддият мулоҳизаи тамом бояд нигарист. Чунки  дар  аксар мавридҳо интихоби касбуҳунар мисли ҳаводиси азалӣ  ё  воҷиботи тамоми равиши  умри  инсонро муаӣян  карда  метавонад.   Яъне  «….ҳарки манфиат гирад ва нафъ нарасонад,  кор накарда бошад.  Пас  ҳар,  ки  аз  дарвешон  ба  касбе машғул нашавад  бори  худ  ба  гардани мардум ниҳода бошад ва сабаби ранҷи оламиён шуда ва  он  дар  тариқ равона бувад…»

    Мувофиқи нишондоди Кошифӣ,  барои эҳтиёҷоти ҳаёти худро ба сурат овардан одамон бояд касберо  пеш  гиранд. Санъати заргариӣ ҳунари истеҳсолии маснуъоти бадеи аз фулазот,  сангҳои қиматбаҳо,  устухони  фил, садаф ва марворид мебошад.

   Абӯрайҳон Берунӣ зикр намудааст, ки «Ниёгони мо – бохтариҳо, суғдиён, хоразмиён – дар баробари қитбиён, бобулиён, ҳиндувон, юнониён ва дигар қавмҳои бостонӣ маълумоти гаронмояи илмӣ андухта, ҳунарҳои халқӣ аз он ҷумла касби заргариро хеле ривоҷ додаанд». (Осорулбоқия)

    Ҳаммаи сарчашмаҳои таърихӣ, алалхусус, «Хазинаи Амударё» аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми Хатлонзамин, хусусан, Кӯлоби бостонӣ касбу кори заргариро хеле ривоҷу равнақ дода, ба дараҷаи баланди санъати амалии халқи тоҷик табдил додаанд.

    Дар солҳои Истиқлолият касби заргарӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб хеле инкишоф ёфт ва ҳунармандони Кӯлобӣ қулфи гиребон, силсила, дастпонаҳои чаладор, саркитифӣ, ангуштарин, гӯшвораҳои қафасӣ, муҳаммадӣ, зиреҳи гардан, мӯҳраи гардан, гӯякчаи кокул, гашничаки гардан, тангаи дастадор ва дигар маснуоти заргариро истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон намуданд. Дар Кӯлоби бостонӣ оилаҳои зиёде ба касби заргарӣ машғул мебошанд, ки машҳуртарини онҳо оилаи Шоиновҳо аз деҳаи Сариосиёб, Ҳакимовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Бобоевҳо аз кӯчаи Нонбои поён, усто Очил аз деҳаи Тебалай, Шариповҳо ва фарзандони усто Толиб аз кӯчаи Якуми Май, Ғаффоровҳо ва усто Набиҷон аз кӯчаи Нонбои поён, Ҳакимовҳо аз кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев ва ғайраҳо мебошанд.

     Намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ аз он ҷумла касби заргарӣ аз беҳтарин ва муҳимтарин санъати амалии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз қаҳри ҳазорсолаҳо беҳтарин хислатҳое, ки ба мафҳуми зебоӣ, зебопарастӣ ва табъи баланди ҳунармандони Кӯлоб заминро дар худ таҷҷассум намудааст.

    Касби заргарӣ дар осори шоирони классикии форсу тоҷик ва муосири тоҷик инъикос гардидааст. Шоири тавоно, шаҳир ва шӯҳратёри халқи тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» – и худ оид ба касби заргарӣ мисраҳои зерини шеъриро овардааст:

 Ҳарки як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

Санг гирад лаъл гардад, хок гирад зар шавад.

Ёди васли он бути заргар маро дар ҷӯш кард,

Хонаи ман омад имшаб, ҳалқаҳо дар гӯш кард.

Дилбари заргар, ки бошад рашки моҳу муштарӣ

Хонаи худ бурдам ӯро бар забони заргарӣ…

    Дар дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ зиёда аз 250  касбҳои мардумӣ инъикос гардидааст, масалан барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ дар бошуурона интихоб кардани касбу ҳунар кӯмаки калон расонида метавонад.

   Дар солҳои Истиқлолият ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони халқиро алалхусус заргаронро ҳаматарафа дастгирӣ намуд, ки вай боиси ривоҷёбии касби заргарӣ гардида, асарҳои нотакрори санъати заргарӣ тавлид ёфтанд.

   Дар охир ногуфта намонад, ки иқдоми шоиста Сарвари давлат яъне унвон намудани соли 2018 ҳаммчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёди миллӣ хоҳад гашт.

Фирӯзи С. Шоинов Ҳ. И. Нозимов Ҳ. А.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code