Сухани табрикии муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Кенҷамоҳ Маҷидова бахшида ба Рӯзи прокуратура

Муҳтарам  кормандони прокуратура !

Бо эҳсоси хушӣ ва шодмонӣ ҳамаи шуморо бахшида ба Рӯзи прокуратура табрик гуфта  бароятон тансиҳатӣ, бахту саодат ва рӯзгори ободу осударо таманно дорам.

Чуноне, ки аз таърих огаҳӣ доред, баъди ҳазор соли барҳам хӯрдани давлати муқтадири Сомониён халқи тоҷик имконият пайдо намуд, ки дар сатҳи ҷумҳурии худмухтор ба сохтмони пояҳои воқеии давлатдории худ камар бандад. Ин кори басо сангин буд, аммо халқи тоҷик бо мақсади расидан ба орзуҳи ҳуд тавонист бисёр сахтиву мушкилиҳоро паси  сар кунад. 14 октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми Кумитаи Марказии Иҷроияи Умумиросиягӣ қарори Кумитаи марказии Иҷроияи Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистонро оид ба тақсимоти миллӣ тасдиқ намуд. Бинобар қарори мазкур Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати РСС Узбекистон таъсис ёфт.

Дертар мувофиқи қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Узбекистон аз 26 ноябри соли 1924, Ҳукумати муваққатии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки аслан вазифаи Кумитаи инқилобиро адо мекард.

7 декабри соли 1924 дар маҷлиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон масъалаи таъсиси Комиссариати халқии адлия, прокуратураи давлатӣ, ҳамчунин судҳои халқӣ муҳокима гардид. Дар натиҷа як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Яке аз онҳо ба таърихи 14 декабри соли 1924 дахл дошта, оид ба таъсиси Комиссиариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамин тариқ, Прокуратураи Ҷумҳурӣ яке аз шӯъбаҳои мустақили Комиссариати халқии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон гардид.

Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи Ҷумҳурӣ ба кори худ  22 декабри соли 1924 шурӯъ карданд. Маҳз аз ҳамон рӯз сар карда ташаккулу таҳаввули минбаъдаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Аз 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи нави тараққиёти таърихии худ ворид гардида, дар ҳайати собиқ Иттифоқи Шӯравӣ мустақилияти давлатии худро соҳиб гашт. Ин чунин маъно дошт, ки дар фаъолияти мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурӣ давраи соҳибихтиёрӣ фаро расид.

28 июни соли 1930 бо қарори кумитаи иҷроияи марказӣ  Низомнома «Дар бораи мақомоти адлияи ҶШС Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Мувофиқи он муфаттишон вазифадор буданд, ки ба тафтиш пардозанд, ба фаъолияти мақомоти дигари тафтишотӣ роҳбарӣ ва назорат намоянд ва дар суд ба сифати айбдоркунанда баромад кунанд.

Соли 1991 Ҷумхурии Тоҷикистон мустақилияти комил ва соҳибихтиёрии хешро эълон намуд. Давлати тоҷикон ба давраи нави таърихии тараққиёти худ дохил шуд, ба даврае ворид гашт, ки дар фаъолияти мақомоти прокуратура дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ҳисси масъулиятшиносии кормандони он ба дараҷаи баландтар бардошта  шуд.

Воқеаҳои солҳои 1990-1994 барои давлати Тоҷикистон имтиҳони ҷиддие буданд.

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо талаби Ҷабҳаи халқӣ ва аксарияти мардуми ҷумҳурӣ моҳи ноябри соли 1992 даъват карда шуд, сохти конститутсиониро барқарор намуд.

Дар ин давра Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мувофиқи  Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №653 аз 30 апрели соли 1992 ба амал ҷорӣ карда шуд. Бо пешрафти ҷомеа, барои боз хам тақвият бахшидан ба назорати прокурорӣ дар роҳи мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ 11 марти соли 1996 ва дар таҳрири дигар 25 июли соли 2005  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд.

Тибқи қонуни мазкур  вазифаҳои мақомоти прокуратура таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ: -бо мақсади ҳифзи мустақилият ва ҳифзи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷиуистон;

-Ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-Асосҳои сохтори демокаратии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳалӣ,дигар мақомоти давлатӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбаҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошад.

Имрӯзҳо ба кормандони мақомоти прокуратура барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор прокуратураи вилоятӣ, 77 прокуратураи шаҳрию ноҳиявӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, панҷ прокуратураи ҳарбӣ  ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон, се прокуратура оиди назорати риояи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ кору фаъолият менамоянд.

Кормандони мақомоти прокуратура доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро дар амал татбиқ карда, ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро бо масулияти баланд иҷро намоянд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 14-уми марти ҳар сол рӯзи прокуратура таҷлил гирифта мешавад.

Пушида нест, ки пойдории давлату давлатдории мо аз як ҷиҳат ба ақлу хирад ва дониши азалии мо сарчашма гирад, аз тарафи дигар вобаста ба кори ҳамарӯзаи Шумо вобастагӣ дорад, ки мероси муқаддаси ватандории миллату давлати моро то ин замон расонидаанд.

Шумо аз зумраи он ҷавонмардоне ҳастед, ки дар ҳифзи қонуният сина сипар намуда бо далериву матонат  қонуниятро дар мамлакат ҳифз менамоед. Аз ин рӯ бори дигар Шуморо ба рӯзи идатон муборакбод гуфта, ба шумо  садҳо таҳсину ташаккур мегуем ва ба Шумо саломатӣ ва дар ҳаёти шахсиятон барору бурдбориҳо хоҳонам.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code