Рӯзи кормандони прокуратура

      Бахшида ба Рӯзи кормандони прокуратура санаи 14 март дар толори прокуратураи минтақаи Кӯлоб маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандони прокуратураи минтақа ва шаҳри  Кӯлоб доир гардид. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова ҳозиринро аз номи худ ва аз номи раиси шаҳр, муҳтарам  Хайрулло Амонулло ба рӯзи касбияшон таҳният гуфта,  ба онҳо саломатӣ ва барору бурдбориҳо таманно намуд. Ҳамзамон ба як қатор кормандони  фаъоли прокуратураи шаҳру минтақа сипосномаҳо  ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Имомзода  Раҳмоналӣ,  мушовири адлияи дараҷаи 1,  прокурори шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада,  ҳамкасбон ва кулли  кормандони прокуратураро ба ин рӯз  табрик намуд.                                                                                                   

   Сулаймон Султон    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code